Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аз он ки бо писараш палав карда фиристод, ба падар чизе нагуфтааст. Фурсате нагузашта, модар ба назди ӯ омад, ки дар тааҷҷуб менамуд.
— Расми онҳо ҳам қоидаҳои худамон барин будааст, писарам. Ба табақамон нон андохта, ба рӯяш чор газ моҳутнамо матоъ монда фиристодааст, одамҳои нағз барин. Якборакак ба дилам шуда, зани устоятро ба хона паоварди, ки бинам.
— Онҳо зану шӯ ба хайрухуш омада рафтани ҳастанд. Худашон ҳам як модарат ва ҳавлиатонро бинем, мегӯянд.
— Ҳа, ин ту бошад, нағз. Охир вай ба ту ҳунар ёд дод. Усто ном дорад. Як рӯз пеш аз рафтанашон ба ман гӯй, як танӯр нони обаш аз ширу равған пазам.
Ҳам хӯрда-хӯрда мерафтандӣ ҳам ба хешу таборашон мебурданд, — гуфт модар писарро хушнудтар карда.
Яъқубҷон ба самоворхони маҳалла баромад. Бо ҷӯраҳояш чой нӯшид. Онҳо аз ҳар тараф чун ҳаррӯза сухан мегуфтанд у вале ӯ гӯё намешунид. Ҳарфҳое, ки дар хонаи усто гуфта шуданд, дар гӯши ӯ ҷарангос мезад.
— Яъқубҷон, имрӯз ягон духтари маҳлиқо мошиниашро ба дурусткунӣ оварда буд-мӣ мегӯям? — пурсид бо лабханд як улфаташ аз ӯ.
— Аҷаб гапҳо мегӯй? Омин оллоҳу акбар, ман рафтам, дар ҷавоб вай аз ҷой бархоста зуд баромада рафт.
Дар ҷойгоҳ хоби Яъқубҷон набурд. Хаёл мекарду бисёр чизҳо, маънии басе суханҳоро намефаҳмид. Дар пеши чашми ӯ Богданик боз намоён шуд. Қиёфаи ин марди назарногир ба деҳқонони руси аз Дилварзин ба бозори Хуҷанд тарбуз оварда мефурӯхтагӣ, ки мужук меномиданд, хеле монанд буд. Сару либосаш ҳам қариб монанди либоси онҳо. Лекин ӯ аз Хуҷанд истода дар Самарқанд китоб мебаровардаасту аз афти кор, ба калоншивиндаҳои рус маъқул нест...
Аз сию шаш саҳифа иборат журнали «Красное солнышко»-ро, ки ҳамагӣ як шумора баромада, шояд баъзе тоҷикони забони русидон, монанди Асирӣ, дида ва хонда бошанд. Вале эҳтимол фикр ҳам накарда бошанд, ки ба эҳтимоми кивӯ бо чӣ машаққате нашр шудааст.
Муҳаррири онро эҳтимол фақат одамони маҳкамаи адлияи подшоҳӣ, чун вакили шахсии суди округи Самарқанд медонистанд, на чун ошӯбгари бебок. Ба болокории

пешина
аз 447
навбатӣ