Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
дар рӯ ба рӯи пештоқи мазор бозистод. — Бегоҳиҳо ман ҳамеша дар ҳавлӣ.
Дар ин ҳангом дар чорраҳа якбора одами бисёре пайдо шуд, ки ба чор акноф бо шитоб мерафт. Онҳо аз намози шом баромада буданд.
— Говони худо аз подахона баромаданд, — заҳр-ханда намуд Ҳоҷӣ Юсуф. — Инҳо на фақат мардуми маҳаллаҳои наздик, ё роҳи мазор, балки аз маҳаллаҳои дур омадаанду мепиндоранд, ки намози масҷиди мазор савоби аз кӯҳи Муғул калонтар дорад ва намедонанд, ки шайх Муслиҳиддин ҳам яке аз ҳамин говон буду халос.
Ин сухани Ҳоҷӣ Юсуф, шахсе ки ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ҳаҷ карда омадааст ва мегуфтанд, ки дар мадрасаи «Албазҳар»-и Миср хонда, як дунё илмҳоеро ёд гирифтааст, ки ягон мударриси Хуҷанд намедонад, ба Яъқубҷон сахт расид. «Муллои беамалаш ҳамин будагист, ки одамони аз хонаи худо мебаромадагиро гов меномад», — гуфт ӯ дар дил. Дар ин асно ӯ сулфаи падарашро шунид, ки вай ҳам албатта аз намоз мебаромад. Яъқубҷон хост ҳеҷ набошад гӯяд, ки «эшони Ҳоҷӣ, ин гапатон нағз не». Вале аз як тараф, инро аз рӯи одоб наёфт ва аз тарафи дигар, бо Ҳоҷии гапдону пурдон баҳс баҳс омаданро душвор донист. Хомӯшона хайрбод кард. Лекин баъди панҷ-шаш қадам дур шудан аз ӯ қоҳишро фаромӯш намуд ва ба хаёли устодаш афтод, ки ҷабран аз шаҳр бароварда фиристода мешуд.
«Усто ва меҳмони ӯ, номаш чӣ буд? Аз ёдам рафт, чӣ хел одамҳо! Мегӯянд, ки давлат, давлати рус. Чаро русҳоро аз шаҳре ба шаҳре пеш мекунад? Наход онҳо одамони бад бошанд! Ягон кору кирдор ва гуфтори бади ӯро ман надидаму нашунидам. Тоҷик не, мусулмон нею маро додарҷон мегӯяд. Айби онҳо чӣ бошад?»
Банди хаёл ба дами дарашон омадани худро Яъқубҷон надониста монд ва аз қафо боз сулфаву овози падарашро, ки бо кадоме гап-гапкунон меомад, шунида тезтар қадам гузошта, ба ҳавлӣ даромад, ки падар дар дасти ӯ табақи дастархонпечро дида ба пурсуҷӯй надарояд. Табакро ба модар, ки ба истиқболаш баромад, дароз кард. Сару либосро иваз менамуд, ки падар омад. Ба салом алек гирифт ва ба хона даромада рафт. Маълум шуд, ки модар аз рӯзи таваллуди зани усто,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё