Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кардӣ, аз даст монда наметавонӣ. Хобу хӯрро аз ёд мебарорӣ. Ҳотам ғами дигаронро мехӯрад. Барои дигарон шуда машаққатҳо мекашад. Инҳо ҳам ҳамин тавр. Аммо устон ту харбузаи палаки дигар. Ӯ ба ҳукуматдорон маъқул нест. Ба шунидам, ба вай таклиф кардаанд, ки аз фалон вақт дер намонда, аз Хуҷанд баромада равад.

— Ба куҷо мерафтаанд?

— Ӯ аз Қазон аст. Ба ҳамон ҷо ҳам бармегардад. Вай ба ман громмофоне ёфта доду мо онро чанд бор вайрон кардем ва ҳар дафъа таъмир мекарду ду бори охир пул нагирифт. Шинос шуда мондем. Ба ҳавлӣ бурда меҳмон кардам, одами хушфеъл, китобдӯст.

— Дасташ, ки холӣ шуд, китоб мехонад, — тасдиқ намуд Яъқубҷон. — Ҳайф, ки забони ӯро андак ёд гирифта бошам ҳам, хатопро хонда наметавонам.

— Агар ту хоҳӣ ман ба курси шабонаи мактаби русии маҳаллӣ дароварда мемонам.

— Фикр мекунам, баъд ба шумо ҷавоб медиҳам.

— Хуб, — Ҳоҷӣ Юсуф фурсате хомӯш гардида ба осмони кабудтоби баланди аввали шаб, ситораҳои дураҳшони акнун намудор шуда истода, ба чавконҳои ба замин хамшудаи бедҳои лаби чӯйи мазор, ки шаҳри Хучандро ба ду қитъа — Қалъаи Нав ва Раззок ҷудо менамуд, назар андохтан гирифт.— Ба ҳар ҳол, уко, аз рози ниҳонии ниҳо комилан хабардор шудан душвор аст. Ё ҳамин тавр, ё дилро аз танӯри сина барканда, ба пеши мо мегузоранд, ки дурусттар бинему чигунагии онро фаҳмем. Лекин мо бошем, мехусем.

Яъқубҷон ба сарфаҳми бисёрии ин суханҳо намемерафт. Аммо ӯ медонист, ки устояш одами хуб аст. Бечорагонро аз ҷонаш ҳам зиёдтар дӯст медорад. Ӯ мегуфт, ки тамоми буду шуди боён, ҳамаи асъасаю дабдабаи онҳо, анбори пуру ҷомаи зарбофташон аз хуни дил, оби дидаи бечораҳост...

— Ту, Яъқубҷон, гапҳои имрӯз дар ин ҷо шударо ба ягон кас нагӯй, — таъкидкорона гуфт Ҳоҷӣ Юсуф.

— Ман гапчинию суҳанкашониро бад мебинам,— хотири ҳамроҳашро ҷамъ намуд Яъқубҷон.— Хавотир нашавед, тақсир.

— Саломат бош. Бегоҳирӯзиҳо вақту фурсат ша-вад, ба ҳавлии мо биё, — таклиф намуд Ҳоҷӣ Юсуф ва

пешина
аз 447
навбатӣ