Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Мулекин аз ёдам мебарояд. Гӯш кунед, чӣ навиштаанд: «Съезди роҷеъ ба психологияи педагогӣ ҳанӯз тамом нашуда, съезди муаллимони мактабҳои миёна сар шуд. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки мактаб ин як навъ охранкаи дараҷаи дуюм аст... Муаллимони тараққипарвари рус муддати мадиде шоҳиди бепарвоии чунин торумори мактаб буда наметавонистанд ва қарор намуданд, ки дар ин бобат фикри худро гӯянд. Бо ин мақсад онҳо ба иттифоқҳои: «Иттифоқи умумироссиягии муаллимон» ва «Иттифоқи муаллимони мактабҳои миёна» муттаҳид гардиданд...»
— Ин ҳар ду иттифоқ чанде пеш съездҳои худро гузаронданд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳаёти мактаб муҳокима карда шуданд,— гуфт Богданик.
— Дар арафаи Съезди умумироссиягии муаллимон большевикон дар байни вакилон васъ ташвиқот бурданд ва ду нафар чунин бузургворро, ҳамчун Ленин ва Луначарский пешниҳод карданд...
— Ғалатӣ, ғалатӣ! — гуфт Богданик ришро ба қабза гирифта хаёлкунон.
— Шумо медонед, ки Съезди умумироссиягии муаллимон демократист ва платформаи сиёсӣ дорад. Бинобар ин, ба он ба сифати вакил пешбарӣ шудани Ленин ва Луначарский шоҳиди қадами бебоконаи демократия аст,— гуфт Борис Иванович.
— Оре-оре,— сар ба тасдиқ ҷунбонд Богданик.— Лекин...
— Оё беодобӣ намешуморед граммофон бимонему сурудҳо шунавем — пурсид Варвара, ки аз берун омаду аз мазмуни суханҳо хабар надошт.
— Бисёр хуб мекунед, Варвара Петровна. Гоҳ худою расул, гоҳ ғамзаю усул,— гуфт Ҳоҷӣ Юсуфи эҳтиёткор, ки дар мавзӯи боло ба давомдиҳии сухан гӯё он қадар ҳавас надошт.
Сӯҳбати дӯстон бегоҳӣ, вақти аз дӯкони баққолӣ баргаштани соҳиби ҳавлӣ, ки дар он хонаеро мизбонон иҷора гирифта буданд, анҷом ёфт. Богданик хайрхушкунон ба тарафи шаҳри нав роҳ гирифту Ҳоҷӣ Юсуф ва Яъқубҷон ҳамроҳ аз кӯчаи Пуларкиш баромада, ба тарафи бозори Панҷшанбе раҳсипор шуданд.
— Инҳо мардуми аҷоиб. Монанди Ҳотами той.
Қитоби Ҳотамро хондай? — пурсид Ҳоҷӣ Юсуф аз Яъқубҷон.— Нахонда бошӣ, хон. Хонданашро, ки сар

пешина
аз 447
навбатӣ