Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шумо, дӯстам. Шумо чаро то охираш нанӯшидед, Хоҷӣ? Хоҳишмандам, қадаҳро холӣ кунед.
— Оё маро маст карда, ба кӯча бароварда, дучори маломати мусулмонон кардани нестед? — ҳазл намуд Хоҷӣ Юсуф ва қадаҳро боз ба даст гирифта, онро холӣ намуд.— Ҳар чӣ бодо бод! Ҳар чӣ ки аз он мақолаи маҷалла шумо, Борис Иванович, хондед, ҳаққу рост.
Вале ба андешаи кӯтоҳи ман, магар беҳтар намебуд, ки ҳамин суханони балвогарона бо рамз гуфта шаванд? Мо, тоҷикон, эҳтиёт шарт мегӯем, ки ҳикмат аст.
— Оре, ин ҳикмат аст,— гуфт Богданик.— Вале мо аз тоифаи онҳое мебошем, ки суханони худро ошкоро мегӯянд. Гӯш кунед, дар ин хат чӣ гуфта мешавад.— Ӯ аз кисаи шим конверти ғиҷубич шуда ва аз он қоғазеро бароварда кушод.—«Шумо, ё зани шумо журнали «Красное солнышко»-ро нашр намудаед ва дар он мақолаҳое табъ меёфтаанд, ки цензура ошкоро манъ намудааст. Ҷаноби раиси суд нашри журналро бо ному насаби шумо номуносиб даръёфта ба ман супурданд ба шумо бинависам, ки агар нашри журналро хоҳ бо имзои худ ва хоҳ бо имзои занатон давом доданӣ бошед, истеъфо пурсед ва дар сурати ба ҷо наовардани ин талаб ҷаноби суд арз намуданд, ки илтимос накунед ҳам маҷбур мешаванд, ки шуморо аз кор холӣ намоянд»...
— Ин мактуби котиби суди округи Самарқанд аст, ки чордаҳуми январи ҳамин сол ба ман навиштааст,— илова намуд Богданик.
— Хӯш, шумо чӣ ҷавоб гардонидед?
— Ман, Хоҷӣ Юсупович, навиштам ки ихтиёр ба дасти бахтиёр. Фаразан, вакили шахсии суди округи Самарқанд набошам, оё рӯзам намегузарад? Ман коргари роҳи оҳан, телеграфист, нақшакаш, муфаттиш, китобдеҳ, адвокат ҳам будам. Мезаданд, суд мекарданд, ба ҳабс меандохтанд, бадарға мекарданд. Лекин моро ин ҳама аз роҳамон оё баргардонда метавонист?
— Ишқу ошиқиро магар бо зиндону бадарға манъ кардан мумкин аст! — гуфт Борис Иванович,— Ҳаргиз не! Революционер ҳам ошиқи содиқи пешаи худ аст. Пеши роҳи ӯро ҳеҷ қуввае, ҳар чанд қодиру тавоно бошад ҳам, гирифта наметавонад.— Ӯ аз ҷой тохта бархоста, аз қафои китобҳо газетаи қоғазаш зардшудаи «Самарқанд»-ро гирифту ба Богданик рӯ овард:— Ҳар бор ба ин ҷо оед, ин газетаро ба шумо нишон доданӣ мешава-

пешина
аз 447
навбатӣ