Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Мо шарт карда будем, ки имрӯз шикоят накунем, — аз ҷой бархоста даст ба сӯи занаш дароз кард Борис. — Қани Варвараҷон, журналро ин тараф деҳ, ки ҳеҷ набошад, як чашм давонда бароям. Шумо, Георгий Маркеньянович, маро марди бебок номидед. Барои тавсифатон ташаккур. Лекин агар мепурсиданд, ки марди бебок чӣ гуна мешавад, ман шуморо нишон медодам.

— Иғрок! Иғрок мегӯянд, ки хоси соҳибқаламон аст. Аммо имрӯз ба ин ҳикмат иштибоҳ пайдо кардам. — Богданик аз рӯи одат боз даст бардошт, ки дигарон хомӯш бошанд, то суханро идома диҳад.

Лекин ин ба ӯ муяссар нашуд. Борис Иванович ба хондани сармақолаи журнали «Красное солнышко» оғоз намуд:

«Красное солнышко» дар айёми душворе нашр мегардад: нашри он дар ҳангоме оғоз меёбад, ки зиндагониро беҳуқуқӣ, балвою низоъ, зулму тааддӣ идора менамоянд; каломи маҳруму маслуҳ чун фарёди беимдод аз байни ҳаёҳуи бетартибона ба гӯш мерасад; беҳтарин намояндагони калом яке очизона хомӯширо ихтиёр намудаасту дигаре ба... рафтааст».

— Магар дар Хуҷанд барин шаҳре чунин журналро тайёр намуда, бо он қадар азобу машаққат ба Самарқанд бурда, аз гудози онҳое ки чирк аз зери нохун меҷӯянд, гузаронда, нашр кунондан осон аст? Аҳсан ба шумо! Акнун хоҳишмандам, лутфан ҳамин шеърро аз журналятон худатон хонда диҳед — хоҳиш намуд Борис.

— Бо камоли хушнудӣ, дӯстам, — Богданик журналро гирифта ба хондани шеъре ки ба ангиштканон бахшида шуда буд, шурӯъ намуд.

Тук да тук в борьбе упорной
Силой гору мы свернем.
Тронем камень не покорный
Сдвинем только и огнем.
Тук да тук — в немую стену
Бей мозолистой рукой!
Упадем, тебе на смену
Живо явится другой!
Тук да тук не дастся
Счастье вдруг
И куется силой рук
Тук да тук!..

— Офарин, офарин! Рухсат диҳед, ин қадаҳро ба саломатии Георгий Маркеньянович бардорем. Ба саломатии

пешина
аз 447
навбатӣ