Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
шуд. Гӯё барои пинҳон намудани ин ӯ аввал бурутҳои ғафсу овезонро молида монду баъд риши танҳо дар манаҳ гузошташударо ба қабза гирифт.— Зани бечора ҳам рӯзи таваллуди фарзандону ҳам шавҳар беором кор мекунад ва ҳам рӯзи таваллуди худаш. Ҳой парии бахт, корҳои дигарро акнун ба мо вогузор кунеду даме ба тахти рӯзи таваллуд нишинед, ки ба саломатиа- тон қадаҳ бардорем.
Табақи палавро ба миёнҷои таомҳои дигар гузош- танд. Бӯи иштиҳокушои барги ток ва қазӣ ба машом расид.
— Чӣ бӯи хуше! — каф бар каф молид Борис Ива- нович ва қадаҳхоро аз як сар пур намуда, чун навбат ба қадаҳи назди Яъқубҷон омад, пурсид:— Хӯш, баро- дарам, ту аз кадомаш менӯшӣ? Аз ҳеҷ кадомаш? Не, бародарҷон. Магар ба саломатии хоҳарат Варвара, ки рӯзи таваллуди ӯст, наменӯшӣ? Нанӯшидай? Ҳеҷ на- бошад як ба лаб бурда биёр, ки ба қасам хонис шавад. Ба ту як ҷуръа вино мерезам.
Қадаҳи аввалипро ба муносибати мавлуд нӯши- данд. Онро Рык Богданик гуфту дар охири суханаш аз токча газетаро гирифта, аз байни он як журнали май- даро бароварда илова намуд:
— Ман, Варвара Петровна, хушнудам, ки дар ара- фаи рӯзи таваллуди шумо нахустин шумораи ин жур- нал — ҳосили заҳмат, машаққат, орзую умедам нашр шуда ба дастам расид. Бо камоли мамнунӣ инро чун ҳадяи очизона ба шумо, ба завҷаи марди бебок, ша- рики зиндагонии фидоии озодӣ тақдим менамоям. Ин- ро Вера Григорьевна фиристода, дархост кардааст, ки тақдим намоям ва муборакбоди самимии ӯро бирасо- нам.— Богданик бо таъзим ба соҳибҷашн журналро супурда, арақи пешонии фарохро бо рӯмолча пок на- муд.
— Миннатпазирам! Таассуф, ки он кас бо мо нес- танд,— гуфт Варвара.
— Дар Самарқанд боз як ҳафтаина кор дорад. Ма- териалҳои шумораи дуюми журналро бояд ба матбаа супорад,— узри занашро расонд Богданик.— Ба цензу- раи имрӯза мақбул карда тавонистани суханҳои ба ҳа- ма мақбул душвортар аст аз накб задан ба санги хо- ро, дӯстонам. Матбааи Демуров ин тидисмотест, ки даромадан ба он чандон осон нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё