Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— На фақат,— соҳиби хона ба сухан ҳамроҳ шуд.— Чанде намегузарад, ман муҳобот намекунам, дидед, ки ӯ граммофон сохтааст.
— Фаранг мешавад гӯед, Борис Иванович,— хитоб намуд хушнудона Ҳоҷӣ Юсуф.— Чунин одамони ҳунармандро тоҷикон фаранг мегӯянд. Оё туро Яъқубҷони фаранг номем, намеранҷӣ?
— Майлатон,— сурх шуд шогирд аз таърифҳо.— Намеранҷам. Аммо ин қадар маро шарм дорондан нагиред, таксир.
— Хуб шудааст,— андак сар ҳамонда бардошт Ҳоҷӣ Юсуф ва рӯй ба ҳама овард.— Лекин, ёрон, афсӯс, ки маҳфил дар гармобаю дам аз дамӣ мегардад. Охир ба Работи Унчӣ ё Чашмаи Арзана мерафтем, ҳам савоб буду ҳам хурмо. Ба майли хотир менишастему аз ҳавои тозаи баҳорон баҳравар мешудем.
— Дуюмаш-ку имконпазир аст, лекин аввалаш номумкин, дӯстам,— гуфт Борис Иванович оҳе кашида,— Биёед, дар чунин рӯзи хушнудӣ, рӯзи таваллуд ҳасрат ҳам накунему қаҳру ғазаб ҳам. Медонед чӣ? Мо ҳамаи хислатҳои неки Яъқубҷонамонро зикр накардем. Ӯ пазанда ҳам будаасту як табақи теппа палави олиҷаноб ҳам пухта овардааст. Биёед, шишаҳоро кушозму нӯши ҷон ва палав хӯрда ҳузур кунем.
— Дуруст мегӯед, Борис Иванович,— ҳампогӣ ба соҳиби хона кард Ҳоҷӣ Юсуф.
Камол аз мавҷи ғам чун нест гирдоби ҷаҳон холи, Биё то бар лаби дарёи бода лангар андозем.
Ҳоҷӣ Юсуф ин сатрҳоро тарҷума ва маънидод намуда, фарёд зад:
— Мӯҳтарама Варвара Петровна, шумо куҷоед? Борис аз шишаҳое сухан мегӯянд, ки худашон наменамоянд.
— Ҳозир-ҳозир, Ҳоҷӣ азиз! — гӯён Варвара аз даҳлез як шиша вино ва як шишаи арақро бардошта омад.
— Худат ҳам нишин, охир,— таклиф намуд шавҳар ба зан.
— Ман нишинам, ту нишинӣ, ба меҳмонон кӣ хизмат мекунад?
— Шӯри зан хушк шудагӣ,— табассуми дилсӯзонае кард Боғданик ва чини ду тарафи даҳони ӯ зиёдтар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё