Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Шогирди Борис Иванович, ки аз рафта истодани устодаш сахт малулу маҳзун аст, — ҷавоб дод аз ҷониби ҳама Ҳоҷӣ Юсуф. Яъқубҷон бошад, сурх шуда гуфт:
— Яъқубҷон.
— Маъзур доред, Яъқубҷон. Писари Ҳоҷӣ Қобили наққош. Падару писар чун дуредгар девкору ҳамчун кандакор гулдастанд ва дар наққошӣ ҳам моникаламанд.

— Барои луқмаандозии ноҷоиз узр мехоҳам, Ҳоҷӣ, оё сухан аз Монии афсонавии Чин намеравад? — пурсид Богданик, ки ҳоло дар рӯ ба рӯи Ҳоҷӣ Юсуф менишаст.
— Айнан аз ӯ ҳарф меравад, — ҷавоб дод Ҳоҷӣ Юсуф. — Лекин чаро Мони афсонавист? Охир аз ӯ асарҳо мегӯянд, ки боқист.

— Худи ҳамин ҳам афсона аст, дӯстам, вале ин мунозираро мавқуф мегузорем, — даст бардошт Богданик. — Мегӯед, ки падару писар кандакоранд? Хонаҳое, ки инҳо кандакорию наққошӣ намудаанд, дар ин шаҳр ҳастанд?

— Чӣ қадар, ки хоҳед. Ҳамин сол падару писар ба шоир Тошҳоҷа Асирӣ хонае сохта дода, бо ҳавсалаи тамом шифту токҷаҳоро кандакорӣ карданд, ки аз тамошояш сер намешавед. Дирӯз дар бӯръёкӯбони боз як иморати каршасте будем, ки падару писар ҳамроҳи усто Мирҳакими наққош сохтаанд ва нақшу нигори он ба шоир писанд афтода бадоҳатан шеъре гуфтааст, ки наққошон зуд ба чорсӯи айвон сабт кардаанд.

Бад-ин сон дилнишин қасре дар офоқ
На чашме дида, на гӯше шунида.
Зи Юсуфкории Яъқуби наҷҷор
Дари Мисраш тамошое кушуда.
Ба нақши Мирҳакими сеҳрпардоз,
Насақ аз санъати Мони рабуда.

Ҳоҷӣ муболиғаи Асириро тарҷума кард.
— Наққошону кандакорони шумо беҳамтоанд, — ба тасдиқ сар ҷунбонд Богданик. — Ман зимистони гузашта дар маҳаллаи Дегрезӣ ба як тӯи хонадоршавӣ хабарӣ будаму кандакорию нақшҳои шифт ва токчаҳоро дида хуш аз сарам парид. Парвардигор! Бовар намекунед, ки ин нақшҳоро бо қалам одам кашидааст. Ана нақшу ана чило! Пас ин ҷавон кандакор аст?

пешина
аз 447
навбатӣ