Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Як навъ, — бо ҳиҷолат сар поён афканда ҷавоб дод Яъқубҷон.
— Як навъ хондаю навишта метавонам. Метавонистагиам ҳамааш ҳамин.
— Худи ҳамин ҳам давлати калон, — лабханд намуд Ҳоҷӣ Юсуф.— Аз ҳамин мактабҳои ба як пули пуч наарзандаи мо ҳар кас хатнавису хатхон шуда барояд, аҳсан гӯй.

Ҳоҷӣ Юсуф боз ба русӣ гузашта гӯё ба ҳама гуфт:
— Ман мегӯям, ки модоме ки Яъқубҷон андак забони русиро омӯхтааст, бигузор омӯзгори дигар ёбаду омӯхтанро давом диҳад. Забони рус баҳри бекарону канорест, ки ҳар ғаввос аз он ҳар қадар, ки хоҳад, гавҳари суханро ёфта метавонад.

— Басе муҳобот кардед, Ҳоҷии азиз! — Борис Иванович стули аз паси мизи ба рӯяш дастархон кушода, неъматҳо гузошташударо нишон дод ва дархост намуд, ки нишинанд.— Забони модарии шумо, азизам, аз гуфти Рык Богданик забони басе ғанӣ, ширин ва қадимию маданист. Ӯ ба ман аз Фирдавсии шумо, ки қариб даҳ қарн пеш «Шоҳнома»-и аҷоиби бузургашро навиштааст, як фасл хонда дод. Қасам ба ҷони шумо, ман волаю шайдои ин китоб шудам. Охир, вай тарҷимаро ба ман хонд. Тоҷикии вай чӣ гуна бошад, тасаввур кардан душвор аст!

— Ана, монанди Хизр худи Георгий Маркеньянович ҳам омада монданд.
Ҳама аз ҷой бархостанд.

Аз дар як марди миёнсоли газгӯшти жӯлидамӯе сару либоси назарногирона — куртаи яктарафагиребон, шими почаборику батинкаи нӯлпаҳн пӯшидаи ба деҳқон монанде даромад.
— О, чӣ хуш, чӣ хуш! Мамнунам, ки Ҳоҷии мӯҳтарам вақту фурсат ёфта омадаанд! — табассуму хушҳолӣ ва такаллум қиёфаи меҳмони навро, ки Яъқубҷон бори аввал медид, дар як нафас тамоман дигар намуданд. Ӯ аз будаш ба назари вай ҳалиму ширинкаломтар метофт. Ӯ ҳам монанди дигарон дасти ба сӯяш дароз кардашудаи меҳмонро сахт фишурд. — Вале мутаассуф, ана ин ҷавонро каминаатон намешиносад. Айб надорад пурсидан, мегӯянд тоҷикон. Рухсат диҳед, бипурсам, ки ин йигит кист?

пешина
аз 447
навбатӣ