Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
золимону мазлумҳо доранд. Азоби онҳо аз машаққати мардуми меҳнатии мо зиёдтар аст. Лекин худи халқи тоҷик ба ман маъқул. Агар маликаи мӯҳтарамаи ман майли аз ин ҷо рафтан намекарданд...
— Аълоҳазрат, чӣ мешуд лутфу марҳамати худро аз канизашон дареғ надошта, ҳамин иснодро ба гардани вай нагузоранд?..— хандид Варвара ва якбора оҳи бадарде кашид.— Оҳ, Боря, Боря! Агар аз ман мепурсиданд, ки ба ҷаннат меравӣ, ё дар Хуҷанд мемонӣ, ман дувумашро интихоб мекардам. Ана Мирфаёзов ҳам омад.— Ӯ аз оина каси дар рӯи ҳавлӣ пайдошударо дида, зуд атласро ғундошта, таҳ карда, ба токча ва лаганро ба ҷои дигар гузошту ҳамроҳи шавҳараш тозон ба истиқболи оянда баромад. Яъқубҷон ҳам ба пешвоз аз хона берун шуд.
Меҳмони оянда Ҳоҷӣ Юсуф — йигитчаи хушрӯй ва хушқадду басте буд ӯҳдабаро, заковатманд, ки бо вуҷуди ҷавониаш дар кӯчаю бозор ҳурматаш мекарданд. Мегуфтанд, ки аслан номи ӯ дигар буда, баъд бинобар ҳусну ҷамолаш ба ӯ Юсуф ном доданд. Ҷавони босалобату сиёсат аввал бо усто, баъд бо зани ӯ як даст дода вохӯрӣ намуда, ба забони русии фасеҳу балиғ сухан гуфта, ба муносибати рӯзи таваллудаш муборакбод намуд.
— Ана дидед, Варвара Петровна, гуфтаи ман шуд. Рӯзи таваллудатонро дар шаҳри мо ҷашн гирифтед.
— Оре-оре. Сухани шумо ҳақ баромад. Саломат бошед. Бағоят мамнунам. Хуш омадед.
— Ман наоям, пас кӣ меояд? Хоҳишмандам ин ҳадяи оҷизонаи маро қабул фармоед,— ӯ чизи коғазпечро ба дасти зан додаравон гӯё акнун чашмаш ба Яъқубҷон афтод,— Эй, ту ҳам омадай-ку! Хуб кардӣ, ки омадӣ.
Ӯ дудаста вохӯрӣ ва пурсупос намуд.
— Ҳамаатон саломат ҳастед? Падар нағз-мӣ? Хайр аз кору борат пурсем? Шунидам, ки соҳиби боз як ҳу-нари нав шудаӣ, муборак шавад. Каму беш забони ин-ҳоро ҳам ёд гирифтӣ? Нағз. Ин забонро донистан даркор, ки ҳам аз замону ҳам аз ҷаҳон хабардор бошӣ. Албатта, одам дар як моҳ забонро нағз ёд гирифта наметавонад. Аммо баъди рафтани инҳо боз ягон улфату ошнои рус пайдо кунӣ, ёд диҳад, хуб мешавад. Саводи тоҷи-киат чӣ тавр?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё