Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Яъкубҷон ба меҳмонӣ даъват шудани худро аз падар пештар ба модараш Малика, ки бино ба соҳибҷамолиаш хешовандон Маликаи хубон меномиданд, гуфта, бағоят шод шуд.
— Ҳаққи усто ба ҳаққи падар баробар, — гуфт ӯ.— Мегӯӣ, ки ҳеҷ чизро аз ту пинҳон накарда, кор ёд медиҳад. Ин хел устои бо инсофу диёнатро аз куҷо меёви?
Ман як табақ палави кабобитокӣ ва қазидор мепазам, гирифта мебарӣ. Ҷудо хурсанд мешавад.
— Расми онҳо ош не, ягон чиз харида бурда, тӯҳфа мекунанд. Тӯёна. Аммо ман пул надорам.
— Пулат мебуд, чӣ мехаридӣ?
— Ягон чити куртаворӣ.
— Аз бисотам ягон чиз меёвам, — модар саросема бархоста аз болои сандуқи таҳмон ҳамаи кӯрпаҳоро гирифта, куфли мусиқидори сандуқро кушод.— Ин қадар ба минҷикам ҷо нашаву он тараф ист. Ягон рӯз зан мегирифтагӣ шавӣ, ҳар чӣ дорам, бароварда нишон медиҳам.
Аз овози модар табассуми ӯ фаҳмида мешуд.
— Ана ҳамин як куртаворӣ атласро ба рӯи лагани ош мемонию мебарӣ. Ҳам худашон хурсанд мешаванду ҳам меҳмонашон.
Аз дасткушодии модар Яъкубҷон чунон шод шуд, ки маҳкам ба гардани ӯ овезон шуда, аз рӯяш бӯса кард.
Борис Иванович ва Варвара Петровна, чунон ки модар гуфта буд, бағоят хушнуд шуданд.
— Худоё, Яъкубҷон, ту чаро ин қадар сарфи калон кардӣ? — Варвара атласро кушода, ба қадаш кашида, ба оина нигоҳкунон завқ менамуд. — Боря, агар ту розӣ шавӣ, ман инро куртаи шабонгоҳӣ медузам. Ой, чӣ қадар зебо! Чӣ қадар хушобу ранг! Ба ман гӯӣ, Боря, кадом фабрикаи бофандагии ҷаҳон чунин матои хушобу ранг бофта метавонад? Инро тоҷикон дар дастгоҳи оддӣ бофтаанд. Ақли кас намерасад, ки ин гулҳоро чӣ тавр мепартоянд. Чунин миллати ҳунарманд, баодобу инсоф, баҳаё, меҳнатдӯст ва, ба фикри ман, поксириштро чун амалдорон «сарт» номидан, ҳеҷ набошад, аблаҳисту бас...
— Дуруст мегӯӣ, Варвара. Тоҷикон мардуми аҷоиб, ҳунарманданд. Бесаводу омиашон ҳам, агар аз ман мепурсӣ, мегуфтам, ки муаддабу маданитар аз баъзе мутамаддинҳо мебошанд. Албатта, онҳо ҳам, мо барин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё