Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Даҳ сӯм! — падар чашмонашро калон кушода ба дасти писар, ки даҳсӯмиро дароз мекард, назар афканд. Вале гӯё на ба чашм бовар мекарду на ба гӯш, ки як-ду бор чашмак зад ва дар рӯяш аломати шодмонӣ пайдо шуд. — Ин хел бошад, бад не, писарам. Писарам, урус бало. Пули бисёр, ки кор мекунад, ба қадраш немерасад. Ту бехуда хафа нашав. Ҳеҷ беодобӣ накардай. Ба як йигит чил ҳунар кам гуфтаанд. Сонӣ, худи ту каму тум чашми дуруст кардани мошинаро медонӣ. Баъди ёд гирифтан ҳар моҳ чил сӯм мегирӣ, гуфт? Гумон. Ба чил сӯм се гӯсфанди дунбакалон медиҳанд. Ба гуфтан осон. Ту беҳтараш ба пеши калоншаванда як бор маро ҳам бар. Ҷавон гуфта фанд надиҳанд. Хайр, ман ин пулро гирифта монам. Гум накун. Пулат ҳаст-мӣ? Мана инро ҷойпулӣ кун.— Падар аз ҳамён як нимсӯмӣ бароварда дод. Ин куллаи ҳотамии ӯ буд, зеро ҳеҷ гоҳ аз бист тин зиёд ҷойпулӣ намедод.

Ана ба ҳамин тарик, Яъқубҷон як моҳи тамом шогирди Борис Иванович шуда ғайр аз таъмири мошинай чокдӯзӣ, таъмири соат, таъмири примуси он ҳам навбаромад ва ҳанӯз дар хонаи русон мавҷуд, таъмири чароғи газ, чароғи давра, таъмири қуфлҳои мураккаб, сохтани калид ва ғайра ҳунарҳоро омӯхт ва дар охир фаҳмид, ки усторо ба рафтан аз Хуҷанд на «табиати нозуки маликааш» маҷбур кардааст.

Рӯзи бисту панҷӯми шогирдии Яъқубҷон буд, ки усто ба ӯ гуфт:

— Имрӯз рӯзи таваллуди зани ман аст. Се-чор нафар ҷамъ мешавем. Ту ҳам биё.

пешина
аз 447
навбатӣ