Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
зинҳор намуда рафт. Баъди ин Борис Иванович дигар мошинаи истеҳсоли немисро, ки барои таъмир оварда буданд, дар пеши назари Яъқубҷон дар зарфи ягон ду-се дақиқа таъмир намуд ва бо имову ишора сабаби вайрон шудани онро гуфту ба ӯ ҷавоб дод.
— Бародари азизам, кори имрӯза бо ҳамин тамом.
Пагоҳ соати нӯҳ меоӣ, то дидан.
Усто пештахтаи дӯкончаи майдаро, ки дар паси сарои унҷигиҳо воқеъ буд, партофта ба дараш қуфл заду бо шогирдаш бори дигар хайрбод кард.
— Саломат бош, бародарам, то пагоҳ.
«Ин чӣ шогирдиву чӣ пеша? Нисфи рӯз ҳам кор накардиву аз ҳоло ҷавобат дод? Ё ман ба ӯ маъқул нашудам? Аз қиёфа ва гуфтораш гӯё ин тавр набуд. Ба хаёлам, ба занаш маро таъриф кард. Баъд ман чаро худсарона, ҳатто бо падару модар маслиҳат накарда, ба шогирдӣ даромадам? Пешакӣ пул гирифтам. «Э муре, барои пул шуда рафта-рафта ба як ғайри дин шогирд шуда даромади» гуфта оё таъна намекарда бошанд?— Сарбанди чунин хаёлот, Яъқубҷон падарашро, ки аз паҳлуи ӯ даргузар шуд, надида монд.
— Ҳой ба ман нигар, дар куҷо будӣ?
Овози падар ӯро як қад парронд.
— Ассалому алайкум,— ба ҷои ҷавоб аз даҳони писар баромад.
— Ман аз ту мепурсам, ки дар куҷо будӣ?
— Ман як беодобии калон кардам,— сар ба поён андохт Яъқубҷон.
— Ҳӯш-хӯш,— якбора парешон шуд падар.— Чӣ хел беодобӣ?
— Аз машинахона як одам омада, маро ба пеши калонаш бурду вай ба шогирдии дурусткунандаи мошинаи чокдӯзӣ бурд.
— Хайр, сони?
— Сонӣ вай ба шогирдӣ қабул кард. Як моҳ шогирди вай шуда бисту панҷ сӯм мегирифтааму баъди ин ҳар моҳ чил сӯм медодааст.
— Урус пули бекора ҳам надораду ун қадар содда ҳам нест, ки ба шогирд моҳе бисту панҷ сӯм диҳад. Ту ба ҳамин бовар кардиву розӣ шудӣ? Доманатро бо чормағзи пуч пур кардааст. Магар якуним сӯм аз мошинадурусткунӣ меёфтагиат кам буд?
— Пешакӣ даҳ сӯм дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё