Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

рус, ки дарзаи ревоҷ ва як банд пиёзи кӯҳию ду дона нонро бардошта буд, даромада омад ва чашмаш ба тоҷикбачаи ғарқи обу арақи машғули таъмири мошина афтода тахта шуда монд.

— Шинос шав, Варвара, ин ҷавон шогирди ман аст, — усто Яъқубҷонро ба зан муаррифӣ намуд. — Ин кас зани ман мешавад. Ана ҳамин малика маро водор менамоянд, ки шартномаро вайрон намуда, аз шаҳри шумо баромада равам. Вагарна чунин шаҳри хушбоду ҳаво, шаҳри меваҳои хуштаъмтарину кадом бандаи носипоси худованди таоло партофта меравад?

— Ой, Боря—Боря! Шарму ҳаё, андешаю истиҳола чист, намедонӣ. Магар шавҳар занашро бо ҳамин талху пичингҳо бо касе шинос менамояд? — Зан чизҳои овардаашро рӯи миз гузошта дасти мардонавор калону дарозашро ба Яъқубҷон дароз кард. — Ба қавли аълоҳазрат Борис Иванович, малика Варвара Петровна.

— Хайр ҳеҷ қисса нашудааст, — усто ба занаш тасаллӣ дод. — Шогирдамон ману ту чӣ гуфтем, шукри худо, нафаҳмид. Ману ӯ ҳозир ҳамон ҳолати одамиро дорем, ки пеш аз пайдокунии қобилияти сухангӯй дошт.

— Наход?

— Ҳа, маликаам, ҳамин тавр, — усто даст ба китфи Яъқубҷон гузошт. — Лекин ҳайратоварона ҳушманд аст ин ҷавон. Худ аз худ таъмири мошинаро ёд гирифтааст. Ту бовар намекунӣ? Чунки ба аълоҳазрати ту баъди як моҳи тамоми шогирдӣ ба немиси зақкум таъмири мошина муяссар шуда буд. Хайр, Варвара, ту чаро ин қадар хариди калон кардӣ?

— Гуфтӣ, ки меҳмонат мешаваду шояд таоми пешиниро бо ту тановул кунад.

— Дурӯст, қариб фаромӯш кардаам, — усто соатро боз бароварда ба ҷояш гузошт. — Баъди ягон чил дақиқа меояд. Ӯ, худат медонӣ, ки ҳамеша айнан дар вақти гуфтааш меояд. Соҳиби ҳавлӣ нанамуд?

— Имрӯз вай бевақт меояд, Боря, — хотири ногоҳ мушавашшудани шавҳарро осуда карданӣ шуд зан. — Вай ба Нов рафтааст. Одатан, аз бозори он ҷо қарибиҳои хуфтан бармегардад.

Зан ҳарчанд ба забондонии шогирди шавҳараш
бовар карда бошад ҳам, боз муаддабона даст дода бо
ӯ хайру хуш намуд ва чиҳоро ба шавҳараш таъкиду

пешина
аз 447
навбатӣ