Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

назар ба рӯи Яъқубҷон дӯхт ва оҳи хушҳолонаи сабукиовару ғамбароре кашид.
— Таким образом, механиком будеш? — пурсид ӯ.
— Механик? — пурсид шогирд ба сафои хотир.— Ҳарашӯ, мешавам.
— Всё таки понял. Эҳ, ты! — боз хушҳолтар шуд усто.
Баъди ин онҳо ба забони байналхалқии ҳамонвақтаи «санакию манакӣ, кибиткаю баранчук, марҷону кизинка» ва ба имою ишора гузаштанд. Усто як мошинаи чокдӯзии ба банд-банд ҷудо кардашударо ба назди шогирд гузошт, ки ҷо ба ҷо кунад.
— Ту саросема нашав. Калларо кор фармо, — гуфт бо ишора ҳам ин маъниро ба ӯ фаҳмонда. — Ман баъди як соат меоям, — ӯ соатро бароварду тобакашро зер намуда, сарпӯши онро кушод ва пӯшида боз ба киса гузошт.— То омадани ман баногоҳ рафта намон.
Усто баъди як соати расо баргашта омада аз хушмандӣ ва кордонии шогирд дар шигифт монд.
— Воаҷабо! — хитоб намуд ӯ.— Ту балоча қариб ҳамаашро ҷо ба ҷо карда мондай-ку! Ба ман нигар, ба ту оё ягон кас ёд дода буд? Намефаҳмӣ? Вой бар ҳоламон. Исто, ки номи ту чист? Инро ҳам нафаҳмидӣ?
Зеҳн мон. Номи ман Борис, — усто ангушт ба сари дил зад.— Борис ин номи ман. Номи ту чист? — ӯ бо ангушт Яъқубҷонро нишон дод.
— Шумо номи маро мепурсед? Номам Яъқубҷон.
— Яъқуб? Ғалатӣ. Оё ту яҳудӣ нестӣ? Хайр, ҳеҷ қисса не. Ба ҳамин тариқ, номи ман Борис, номи падарам Иван. Борис Иванович. Номи ту Яъқуб, зеҳн мон.
Ҳа нагуфта суханҳоямро фаҳмида монданат мумкин аст. Фақат, бародарам, ана ин ду мурватро алиш карда гузаронидай ва дар натиҷаи ин чок бахьядармиён мешавад.
Усто ду мурвати дар ҳақиқат ба ҷои якдигар фуромадаро ба ҷояшон гузоронд ва нуқсу шикасти мошинаро, ки Яъқубҷон ҳанӯз наёфта менишаст, зуд пайдо ва дуруст намуд. Порчае матоъ ёфта ба найчаҳо ғалтак гузоронида, чокдӯзӣ кард ва боз чашми шогирдро хато намуда, дар як дам онро вайрон намуд ва фармуд, ки таъмир кунад. Яъқубҷон ҳайрон буд, ки мошинаи ҳозиракак ба ин равонӣ кор кардаистода чи тавр вайрон шуд. Дар ин асно ба назди усто як ҷавонзани

пешина
аз 447
навбатӣ