Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

берун оварда, хонаҳояшро бешитоб кушод ва як коғази даҳсӯмии суратдорро гирифта байни ангуштони чап газонд.

— Ин даҳ сӯм, чунон ки шумо, сартҳо, мегӯед, аз нӯги хамир фатир, яъне бунак аст. Баъди пурра ёд гирифтани кор боз понздаҳ сӯм мегирӣ, ҷавон. Лекин шарт ҳамин: рафту дар як моҳ таъмиргари мошин шуда натавонӣ, аз понздаҳ сӯми боқимонда маҳрум мешавӣ. Розӣ? Гап тамом. Аз ҳамин рӯз, аниқтараш, аз ҳозир ба кор сар мекунӣ.

Намоянда бе ягон забонхат ва ё ҳуҷҷате даҳ сӯмро ба ҷавон дод.

— Номи ту чист?
— Яъқубҷон.
— Номи падарат?
— Ҳоҷӣ Қобил.
— Аз кадом маҳаллай?
— Аз ҳамин маҳалла, — ҷавоб дод ҷавон ба тиреза нигоҳкунон. — Мову шумо ҳамсоя ҳастем.
— Олиҷаноб! Акнун ману ту ба назди механик меравем, ки ба ту бояд кор ёд диҳад, — намоянда аз ҷой бархосту ба пеш даромад.

Яъқубҷон бо ҳеҷ кас маслиҳате накарда, кори нав ёфта ва коре ҳам накарда соҳиби даҳ сӯм шуда, бо тааҷчуб аз паси намоянда рафт. Сабаби тааҷҷуби ӯ аввалан воқеаи рӯйдода бошад, сабаби дигараш, қадди ногаҳон паст шудамондаи намоянда буд. Вақте ӯ дар паси стол менишаст, одами гӯё қадбаланд ва пурсалобат метофт. Лекин чун аз ҷой бархоста ба роҳ даромад, ба назари Яъқубҷон вай камаш як ваҷаб паст шуд.

Намояндаи компанияи Зингер дар назар чи қадар хушмуомилаю ба одам часпон бошад, устои ояндаи Яъқубҷон ба як дидан ҳамон қадар дурушту камгап ва бадфеъл намуд. Тоҷикбачае, ки ягон калимаи забони русиро намедонист, ҳоло қариб буд пушаймон гардад, ки чаро фирефтаи даромади калон шуд. Намоянда нафас рост накардаву дам нагирифта сухан мегуфту механик бошад, танҳо гоҳ-гоҳ сар ба тасдиқ меҷунбонд ё ғурунғӣ карда мемонд. Вале чун намоянда рафт, абри сиёҳ гӯё аз осмони чеҳраи техник бардошта шуд. Ӯ дандонҳои майда, ҳамворашро нишон дода табассумкунон

пешина
аз 447
навбатӣ