Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Ба ҳамин минвол, ин павини техникии ҳамон замона — мошини дарздӯзӣ боиси шӯру шарҳҳо мешуд.
Ба болокории ҳамаи ин, мошини чокдӯзии инҷикро дарздӯзони аз техника тамоман бехабар зуд-зуд вайрон мекарданд. Шикояти бебақоиву ҳеҷ муҳим набудани ин мошин бисёр мешуд. Барои рӯй надодани бӯҳрони мошини чокдӯзӣ намояндаи Зингерро лозим омадааст, ки аз куҷое техникеро даъват намуда ба вай хонаю ҷой ёфта диҳад ва моҳонаи аз мукаррарӣ калонтар ҳам муайян намояд. Вале гӯё ба зани нозуктабиати техник шаҳри шамолу чанг — Хуҷанд маъқул нашуда шавҳарро маҷбӯр мекунад, ки зудтар кӯчида равад. Бинобар ин, намоянда ба вайрон намудани шартнома ба ҳамин шарт розӣ мешавад, ки дар муддати як моҳ ба ягон нафар ҳунари таъмири шикасту рехти мошинро омӯзад. Дар ин вақт кадоме аз шиносони намоянда хабар меорад, ки Яъқубҷон ном ҷавоне чанд мошини вайроншударо таъмир кардааст. Бо супориши ӯ ҷавонро ба наздаш гирифта меоранд.
— Касби ту чист? — пурсид намоянда ба ҷавони миёнақадди кулчарӯи сафедпӯсти чашмонаш ба кабудӣ моил ҷои нишаст нишон дода ва аз тарҷимон хоҳиш намуд, ки суханашро тарҷума намояд.
— Дуредгару кандакор.
— Дуредгарию кандакорӣ куҷою мошини чокдӯзӣ? — намоянда китф дар ҳам кашида, абрӯвони кам-мӯяшро боло бардошт. — Мегӯянд, ки ту мошини чокдӯзиро таъмир мекунӣ. Оё ин дуруст аст? Аз кӣ омӯхтӣ? Худат? Ғалатӣ! Ин тавр бошад, олиҷаноб. Як моҳ шогирди усто мешавӣ. Бисту панҷ сӯм мегирӣ. Баъди ин, ки тамоми мошинро хуб омӯхта баромадию нағз таъмир ҳам карда тавонистӣ, моҳе чил сӯм аз ман мегирӣ. Розӣ ҳастӣ?
Тарҷимон ба ҷавон суханони намояндаро тарҷима мекарду ҷавон ба гӯшҳояш бовар намекард. Музди шогирдӣ биступанҷ сӯм? Ба қавле аз саҳари солеҳон то шоми ғарибон дуредгарӣ, кандакорӣ ва гаҷкории иморатҳои мардумро карда, як устои гулдаст дар як моҳ аз даҳ-понздаҳ сӯм зиёд гирифта наметавонаду ӯ ба ман чӣ тавр бисту панҷ сӯм медиҳад? — пурсид аз худ ҷавон.
Намоянда аз ин гумони ҷавон гӯё воқиф шуд, ки даст ба кисаи дарунии нимкамзӯл бурда, ҳамъёни чармиро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё