Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Гар ба ҳавлиамон меравем, — хоҳиш намудам аз ӯ.
Лекин ҳанӯз мо аз дари кӯча дур нарафта, фаранҷӣ дар сар Раънобегим тозон ва аз паси ӯ саросемаву девонавор падараш баромаданд. Ӯ фаранҷиро аз сари зан кашида гирифт. Рӯи зан кушода шуду фарёд бардошт:
— Ҳой осии худобехабар! Ба ман нигоҳ накун, ки номаҳрам ҳастӣ!
— Номаъқул мекунӣ, падарлаънат! — мегуфт мард. — Ба хона даро! Ман ҳеҷ чиз нагуфтаам.
— Кушӣ ҳам ба хонаат намедарояму ба рӯят ҳам нигоҳ намекунам. Фаранҷиро ин тараф деҳ, номард! — зан суст намеомад дар ҳолате, ки рӯйро аз шавҳар бо остин пинҳон менамуд, — Охир дирӯз ту набудӣ, ки агар пулатро пагоҳ ёфта наоям, ту ба ман фалон талок гуфта қасам мехӯрдӣ?
— Дурӯғ мегӯӣ, мочахар! — овозашро қадре паст намуда, хорӣ медод такасалтанг. — Даро, набошад саратро аз танат ҷудо мекунам.
Вале зан аз таҳдиди шавҳар натарсида худро ба дари рӯ ба рӯи ҳамсоя зад. Мард бошад, фаранҷиро кашолакунон ба ҳавлиашон даромад. Дар чашмонаш оби дида Сайдуллои маҳзуну малул намедонист ба кӯча равад, аз паси модар ба ҳавлии ҳамсоя, ё бо ман. Ман барои ҳиҷолат накашидани вай ба ҳавлиамон биё, дарсҳоямонро тайёр мекунем, гӯён рафтам.
Пагоҳи он рӯз Сайдулло дар мактаб гуфт, ки модараш аз ҳаман оиҳо гузар карда, ба ҳавлии модари худ рафтааст. Бегоҳон як ҳамсозани мо дар рахнаи девор нишаста ба модарам мегуфт:
— Наход гӯед Раънобегимро шавҳараш се талоқ кунад! Гӯр ҳамун мошини чокдӯзӣ шавад. Касофат будааст. Чӣ кардаанду чӣ мондаанд, ҳоло намедонам. Аммо инаш аниқ, ки такасалтанги худо ноумед кардагӣ гул барин зани даҳ дасташ ҳунарро мошина мехарӣ гуфта се талоқ кардааст. Акнун худкардаро даво чист? Вовайлои пинҳонӣ. Аз пеши ин мулло ба пеши ваяш тохта, рӯ ба хок молида зорӣ мекардааст, ки ривоят ёбанду бе ҳалола оштӣ кунанд. Раънобегими ба ору номус магар девона шудааст, ки сад ривоят ёбанд, боз оштӣ кунад? Ҳишт аз қолиб кӯчид, кӯчид-дия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё