Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
аҷоиби техника, ин мошинай осон ва тезкунандаи яке аз корҳои мушкил, яъне либосдӯзӣ, ҳарчанд дар солҳои аввали пайдо шудан хеле гаронбаҳо бошад ҳам, харидорони бисёр пайдо мекунад. Рафта-рафта аз як тараф чокдӯзони камҳунар, вале соҳиби ин мошин овозадор мешавандӯ чокдӯзони чевар, ки мошин надоштанд, аз даҳон мемонанд. Бинобар ин, баъзе дардӯзони мард ва зан тайёр буданд, ки тамоми буду шуди худро бифурӯшанду соҳиби чунин як мӯъҷиза шаванд ва номи мошиначиро гиранд.
Дар маҳаллаи Шайхисломи мо Раънобегим ном дарздӯзи номӣ буд, ки ҳамеша аз бисёрии кор менолид. Алалхусус дар арафаҳои ид ин зани миёнсоли дар назар беҳолу бемадор, вале тиркаш шабу рӯз аз кор сар бардошта наметавонист. Шавҳари такасалтанги ӯ, марди танаву тӯшдори кӯҳро занад талқонкунанда, пеш аробакашӣ кунад ҳам, баъди зиёд шудани даромади зан аз баҳри кор баромада, тоқиро ба сар нимта карда гузошта, чапанона мегашт. Сайдулло ном як писарчаи хушзеҳн, хушфеъли онҳо ҳамроҳи ман дар мактаби Валихон мехонд ва ману ӯ ошнои қарин будем: ба мактаб ҳамроҳ мерафтем, ҳамроҳ бармегаштем. Гоҳ вай ба ҳавлии мо омада бозӣ карда мерафту гоҳ ман ба ҳавлии онҳо. Аз ин рӯ ҳардуи мо ҳолдони хонадони якдигар будем.
Боре ба хонаи Сайдуллоино рафта модари ӯро дидам, ки аз зарби гиристан нафақат чашмони калон-калони сиёҳаш, балки ҳатто ду рӯяш ҳам варам карда буд. Чунин қиёфаи ӯро дида аз хонаашон зуд берун омадам ва аз қафо ошноям баромад.
— Дадом бибиамро хафа карданд,— ғамгинона ва калонона оҳ кашид ӯ.— Одамҳо акнун чоку чилокашонро ба мошиначиҳо мебаранд. Кори бибиям кам.
Бечора мошини чокдӯзӣ мехарам гуфта, пул оқибандоз карда буд. Дадоям ба қимор бой дода, аз модарам рустӣ пули вайро ба қарзашон додаанду акнун ду рӯз боз ҳавлиамон азохона.
Дар ҳамин асно аз дари кӯча падари Сайдулло даромада омад ва ба мо нигоҳе ҳам накарда ба хона дохил шуд. Фурсате нагузашта, бо алфозҳои қабеҳ ҳақорату дашномдиҳии ӯ ва хунгос зада гиристани модар ба гӯшам расиду ман худро ба ношунавиву нодонӣ зада, аз дасти Сайдулло гирифта ба кӯча кашидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё