Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аз ёд набарояд, ки баъзе аз ин саройҳо мисли гараж ё ҷои мошингузории ҳозира, ҷои уловбандии онҳо ҳам буд, ки савори аспу маркаб аз деҳот ва ё канорҳо ба бозор меомаданд. Яке аз ин саройҳо сарои унҷигиҳо ном дошт, ки дар ҳангоми аз Чорраҳа рӯ ба дарё ягон чил қадам гузоштан, дар мобайни ду кӯча чун дар сари паргор, дар сари кӯчаи Чуғурчуқон аз чап ва Ниёздегча аз ҷониби рост воқеъ буд. Дар паси сарой чанд дӯкон ва ҳавлиҳои танг буданд, ки як дари он ба падари шоир Аминҷон Шукӯҳӣ ва амаки ӯ теғбанду шоир Мирмуҳаммад тааллуқ дошт. Ҳоло аз он саройю ҳавлиҳо осоре намондааст. Кӯчаи дасти чап номи Стахановро дорад ва кӯчаи тарафи рост давоми кӯчаи Чӯра Зокиров аст, ки ба ҷониби шимол то лаби дарё меравад.

Биёед аввал бозори овозадори ҳозираи шаҳрамон, бозореро, ки ба гумонам, на дар Осиёи Миёна ва на дар шаҳрҳои дигари мамлакатамон монандро намеёбед ва бинобар ин, ба тамошои он ҳар сол аз ҳар сӯ одамони бисёре меоянд ва ленинободиён чун яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат меҳмонони худро албатта ба дидани он мебаранд, музеи кишваршиносии таърихӣ ва мақбараи шоир Муслиҳиддинро ба қафо гузошта, сар ба кӯчаи Стаханов медароем. Ин кӯча ҳам, ки аз рӯи плани генералии шаҳр аз миён меравад, намуди пештараи худро як қадр нигоҳ доштааст. Аз назди кинои тобистонаӣ, ки соли шасту ҳаштум дар бозори пештараи шинӣ дар паҳлуи бинои ҳайратангезона ҳанӯз бутуну баҷомондаи компанияи Зингер бунёд шуд, ягон бист-сӣ қадам мегузарему таҳаммул мекунем. Дар ин ҷо дар рӯ ба рӯи ҳавзи баланд дар ҳавлии рақами ҳаштому ҳафтум писари Яъқубҷони фаранг, дуредгар ва кандакори гулдаст, Лауреати мукофоти ба номи Рӯдакӣ Охундҷон зиндагонӣ мекунад.

Дар гузашта ҳар он чиро ки дар Аврупо сохта мешуд, мардуми Шарқ, аз он ҷумла тоҷикон ҳам, фарангӣ
ва ҳар он касро, ки сирру асрори чизу чораҳои фарангиро донад, фаранг меномиданд. Яъқубҷони фаранг аз
ҷумлаи чунин одамҳо буд. Дар Хуҷанд ҳам замоне компанияи машҳури Зингер шӯъбаи худро мекушояд, ки
вай бо ҷосусию бадкирдориҳои дигар бадном гашта
буд. Дар ин шаҳр вай гӯё бештар бо овардану фурӯхтани мошинҳои чокдӯзӣ машғул будааст. Мӯъҷизаи

пешина
аз 447
навбатӣ