Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Намегунҷад ба сӯрохин худ муш,
Вале ғирбол бар дум баста беҳуш...
Мебинам, ки ба худ номаълум ба тасвири воқеоти маҳаллаи навамон ҳам мегузарам, ки қиссаро дароз мекунад. Бинобар ин, ҳоло ҳозир ба ҳамин ҷо нуқта мегузорем.
Хонанда, ман шуморо ба сайри маҳаллаи таваллудшудаам, кӯчаи Самарқанд бурдам ва аз гузаштаву ҳозирааш мухтасар нақл карда, ба воситаи кӯчаи Ҷӯра Зокиров, ба бозори Панҷшанбеи шаҳрамон овардаму шаммае аз пештараву ҳозирааш баён намудам.
Ҳар кӯча, ҳар маҳаллаи шаҳри бостонии ман ҳамин тавр таърих дорад. Ман шуморо ба кӯчаҳои дигар низ мебарам.
IV
Мову шумо бо кӯчаи Ҷӯра Зокиров, ки ибтидояшро аз доманаи Руҳаки району Хуҷанд дар деҳаи Ғозиёни ҷануби шаҳр сар мекунад, боз ба Чорраҳа меоем, ки вай дар маркази бозори Панҷшанбест. Панҷшанбе маркази калони асосии савдо ва ҳунармандӣ буда, кӯчаҳои аз ҳашт панҷ дарвозаи шаҳр онро бурида ба ҳар сӯ мерафт. Агар қитъаи Чоршанбе ҳамааш шуда дусаду ҳаштод дӯкони атторӣ, баққолӣ, вофурӯшӣ, қассобӣ ва ғайра дошта бошад, дар Панҷшанбе шумораи онҳо панҷсаду даҳта буд.
Қисми шумолии бозорро растаи дӯконҳои қассобӣ, нонфурӯшӣ, қанду қандалот ва ҳафтмевафурӯшӣ, бозори биринҷ, чарм, шинӣ ишғол менамуд, ки дар болояшон сар то по набошад ҳам, ҷудо-ҷудо тимҳо доштанд. Растаҳои заргарону мисгарон, оҳангару чӯянрезон, собунпазиву собунфурӯшӣ ва панҷ-шаш дӯкони нишоллосозиву ҳалвогарӣ зери тими шарқиро ишғол менамуданд. Дӯконҳои баззозону шоҳифурӯшон, куложӣ, кордсозу кордфурӯшон дар ғарб ва атторону вофурӯшон, кудунгарон воқеи қисми ҷанубӣ буданд. Аксари ин растаҳо ҳам тим доштанд ва дар тобистон сояву дар зимистон аз боришҳо як навъ дар амон буданд.
Аз бисту нӯҳ сарою корвонсаройҳо, ки ҳам хизмати хонаҳои савдо ва ҳам чун истиқоматгоҳи мусофирон хизмати меҳмонхонаҳои ҳозираро ба ҷо меоварданд, ҳаждаҳ корвонсарой дар бозори Панҷшанбе буд. Инаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё