Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

карда пушаймон барин, мегӯяд модараш, гӯш мекард. Лекин як рӯз пагоҳии барвақт нонушто накарда баромада меравад. Ана ҳамин хел карда, гӯед, гардам, шаб мешаваду аз писар дарак не, дили модар-дия. Ба ин тараф, он тараф тохта мебинад, ки сару либосҳои дигарашро ҳам гирифта бурдааст. Хавотир мешаванд, кофтуков мекунанд. Баъди се рӯз даракашро меёбанд. Ба қишлоқ ба хонаи як хешовандашон рафтааст. Ба токбуррӣ, шудгор ҳампогӣ карда мегаштааст. Аз миён ягон ду ҳафта гузарам — нагузарам, чӣ мегӯяд, ки як духтари он қадар ба қаднарасидаи онҳоро аз роҳ бароварда, рост ба қишлоқи дигар, ба ҳавлии аммааш мебарад. Ҳар ду ба ЗАГС-хона рафтаанд, ки зану шӯ мешавем. Хуллас, бача шири хӯрдагини падару модарро ба даҳонашон мебиёрад. Падару модари духтар дод гӯёнӯ мӯканон омадаанд. Яке дигареро айб мекунад, ки аз паи писаратон намешавад, дигаре домангир, ки чаро ба ҳавлиатон роҳ додеду то духтаронро гирифта бурдан, бехабар мондед. Гардам, кӯдак лой мегӯянду падару модар кулол. Косаи чинӣ ҳам сози мешаваду офтобан бибинӣ ҳам,— ноқилаи мо ба гап ҷомапӯшониро давом медод.— Аз ҳасрату шикояташон маълум. Ба ноқобил шудани бача худашон ҳам сабаб шудагӣ барин. Ман намедонам, баъзеҳо чаро ин тавр мекунанд, ки аз байни фарзандошон яктаашро алоҳида нага мебинанд. Эркаю ҳар чӣ гӯяд, муҳайё мекунанд. Аз гуфтанои ҳамин писари ноқобил ҳамин хел эрка калон шудагӣ барин. Акнун эрка балои ҷони одамон, балои ҷонашон шудааст.

Йигит ва духтарро нохост дар станция дида мондаанд. Аз куҷо пул ёфтаанду билет харида, ба куҷо рафтани будаанд. Духтарро маҳкам даст гирифта, ба қишлоқ бурдаанду йигитро алда-сулда карда ба шаҳр овардаанд. Аммо кадом кас онҳоро қаровулӣ мекунад? Писар боз рафтааст. Ин дафъа духтар омада писарро гирифта бурдааст. Ёведу гиред!

Дар дами дарвозаи маҳаллагии навамон ҳоло ҳамон писари ноқобили ӯ бо духтари гумроҳ, ки домани вайро маҳкам гирифтааст, меистод. Ғолибан, сарашон ба девор рафта расидааст. Гашта омадаанд. Аммо охир, ин ҷавон, ки ҳоло нони мехӯрдагиашро меҳнат карда намеёбад, оё фикри зану фарзандеро карда бошад?

пешина
аз 447
навбатӣ