Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Бо ин таърифҳо иштиҳои меҳмононро мизбон ба асал кушод. Ҳама ба рӯи пораҳои нон асал молида хӯрданд. Аз занбӯри асалпарварӣ сухан авҷ гирифт. Наққоши маҳаллагиамон, ки ишқбози занбӯрпарварист, як душмани қаттоли занбӯрҳои асалро, ки худаш дар сӯҳбат набуд, аз хок гирифта ба лой зад. Зеро вай дар баҳор дар вақти гулшукуфт ба дарахтони рӯи ҳавлиаш дӯст пошидааст, ки «занбӯрҳо шираи гулҳоро макида, нахушконанд». Занбӯрҳои аз қасди ҷонашон бехабар, ба гулҳо нишаста, ҳалок шудан гирифтаанд.

— Ин одами бераҳму инсоф намефаҳмад, ки аз гул ба гул хеста ништани замбӯри асал сабаби бордоршавии гул мешавад, — гуфт наққош бо сӯзу гудоз. — Зада фаҳмонӣ ҳам нафаҳмад, чӣ чора!

Мизбон дар вақти ҷоншумурии бачагонаш, аз панҷӯмини онҳо даҳон кушоданро раво надод. Лекин ман, ки аз воқеа хабардор будам, маънии ҳиҷолати ӯ, ба сӯи асал тофта шудани лаҷоми суханро фаҳмидам.

Шояд дар ҳама ҷо ҳамин тавр бошад. Дар маҳаллаи мо тамоми навигариҳоро аввал занон мефаҳманд. Аксар хабарҳои ёфтамадаашон пурра набошад ҳам, қисман тасдиқ мегардад. Бечиз нагӯянд, ки бешамол шохи дарахт намечунбад. Дируз як ҳамсояни мо, ки ба муборакбоди ҳавлии нави абрешимрес нон баста рафтаасту бинобар бо палав гуселонида шудан, аз хом набурданаш пушаймон буд, дар ҳавлии мо бо овози баланд сухан аз саргузашти бачаи панҷӯм мегуфт:

— Ҳа, дар ин миён, гардам, — мегуфт ӯ оҳ кашидаву ангушт ба лаб ниҳода, — лашкар бехатар намешавад, гуфтани азизон рост будааст. Ҳамаи фарзандҳояш абрешим барин мулоиму гӯсфанд барин қобил. Бо услуби одоб, аммо яктоаш нодарбаробарак баромада, падару модарро сӯзонда қумрон мекунад. Модараш мегӯяд, ки на ба зорӣ гӯш карду на аз зӯрӣ тарсид. Мактабро тамомкунам-накунам, партофт. Падараш ҳар чанд ки кард, нашуд. Ночор ба фабрикаи дуредгарӣ дароварда монд. Ақаллан ба кор овора шуда раваду ҳунар ёд гирад. Аммо вай худсарона баъди чанд вақт ба мактаби иморатсозҳо рафта даромад. Онро ҳам ба субуташ нарасонд. Ба як тӯдаи кӯҳкапу кӯҳгардон ҳамроҳ шуда, панҷ-шаш моҳ, ба кӯҳҳо гашта омад. Ҳама ба миёна гирифта ҷангу ҷӯш карданд, ниҳол дар як ҷо сабз мешаваду пиёз дар як ҷо калон гуфтанд. Сараш хаму аз

пешина
аз 447
навбатӣ