Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Се нафар дар ҷойҳои дигар,— ҷавоб шуд аз мизбон.— Калониамон писар, дар аспирантура, дар Москва. Дуюмаш баъди тамом кардани институти политехникӣ ба ҳаминституташ ба шавҳар баромада Бухоро кӯчида рафт. Шавҳараш аз ҳамон ҷо. Инженери электрик шуда дар кони гази Газлӣ кор мекунад. Шавҳараш инженери касбу корҳои мо: абрешимгар. Як писарамон дар аскарӣ. Дарёнавард. Дар заврақи зериобӣ хизмат мекунад. Баъзе вақт ё ба ҷойҳои дур мераванд, ё вақташ намешавад, ки хату хабар накарда мемонад. Ҳар ҷо бошад, саломат бошад, гуфта дуо мекунем. Шашум ва ҳафтумаш дар синфҳои,— соҳибнакл зоҳиран, барои саҳв накардан тӯппиашро аз сар гирифт,— шаш ва панҷ мехонад. Имрӯз онҳо ба тозаю озода кардани саҳни мактаб рафтаанд. Ҳаштуму нуҳум — яслию боғчарав. Онҳоро дина бегоҳӣ бобояшон гирифта ба саҳро бурдааст, ки рӯзи истироҳатро дар ҳавои тоза ва васеъ гузаронанд.

Мизбон номаълум оҳ кашида, саҳл ҳиҷолат кашидагӣ барин шуда сарашро як фурсат хам намуд ва як косаи пури асали дар миёни дастархон истодаро нишон дод:

— Ин меҳмони азиз, асали гули баҳор. Як бародарам аз колхози «Қизил юлдуз» овардааст. Занбӯрҳо баҳори дароз дар дашт мешаванд. Гулҳои худрӯи даштрӯяро хӯрда асал медиҳанд, ки як ба як давои бисёр дардҳо будааст. Ба дору буданаш худам ҳам бовар кардам. Нафасам мегирифт. Андак тез қадам монам, ҳалоки ҳаштдард мешудам. Аз хешовандонам як мӯйсафед маслиҳат дод, ки даҳ дона лимӯро аз гӯштқнимакунак гузаронда, ба як кило асали баҳор қатӣ карда, ҳар рӯз се бор як ҷумчагӣ хӯрам. Ман, аввал лимӯро аз куҷо меёфта бошам, гуфта ғам мехурдам. Сонӣ, фаҳмам, аз ҳамин колхози Фрунзеи худамон кадом вақти сол хоҳед, лиму ёфт мешудааст. Лимӯи тунукпӯсти пуршарбат. Ин дору анча бадхӯр бошад ҳам, як ба як давои дарди ман шуд.

Инаш аз хотирам набарояд, ки папиросро ҳам партофтам. Зормондоро қариб бисту панҷ сол кашидам. Солҳои ҷанг бошад, ҳамаи хасу хошокро дуд кунад шуд, мекашидем. Бинобар ин, баъзеҳо мегӯянд, ки ин фондаи наҷокидан. Баъзеҳо баракати лимӯю асали баҳорӣ. Қани ба асал меҳрубон шаветон.

пешина
аз 447
навбатӣ