Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Оқсақоли нав Ҳоҷӣ Юсуф ҳамин одам-дия, — ҷавоб дод вай ва овозашро пасттар намуд: — хуб соз кардӣ! Ҳалолат бод!

Баъди рафтани Ҳоҷӣ Юсуф харбузафурӯш ба чорпоя нишаста оҳи бадард кашид. Ба харидорони дар атрофаш буда «як дам маро ба ҳолам монед. Хӯрок хӯрда меоям» гӯён ба болои харбузаҳо ҷомаю астар пӯшид.

— Амакҷон, дадом фақат аз амакат гир гуфтанд, бо илтиҷо ба ӯ пул дароз кардам.

— Ана ху, ҳамунро гир, — харбузафурӯш пулро гирифта, як лаби астарро бардошта, харбузаеро бо ангушт нишон дод.

Харбузаро бурида, ба пеши меҳмон мондем, бемазза баромад. Меҳмон ҳарчанд ба тасаллии дили мизбон «ширин набошад ҳам, беғуборакак будааст» — мегуфт, димоғи падарам сӯхт.

— Хонааш сӯзад, кемтик харбузаи бемазза додааст, — афсӯс хӯрд. Аммо бехабар буд, ки Ҳоҷӣ Юсуф хонаашро набошад ҳам, худи кемтикро сӯзонда кабоб кард...

Ҳушам ба хотираҳо, ба ҳавлиамон наздик шуданамро, чунон ки мегӯянд, надониста мондам. Лекин дар ин ҷо дар дами дарвоза як ҷавону духтари бо ҳам ғибирғибир гапзанонро дида, аз сайри гузашта ба ҳозира ҷаҳидам. Соҳиби ҳавлии, ки дар назди дарвозааш ин ду тан меистод, ягон моҳ пеш ба ин ҷо кӯчида омад. Ӯ абрешимреси комбинати абрешим аст. Ман вайро пеш аз маҳаллагӣ шуданаш ҳам медонистам. Ҳамчун коргари гулдаст ном баровардааст ва аъзои номии бригадаи меҳнати коммунистӣ мебошад. Чанд бор ӯро дар президиуми маҷлисҳои шаҳр ва расмашро дар газетаю журналҳо дида будам. Баъди чанд рӯзи кӯчида омаданаш ба нияти шиносоӣ бо ҳамсояҳои нав бӯрёкӯбон намои зиёфате дод, ки ман ба он хабарӣ будам. Обу ош шуд. Аз ҳар тарафу ҳар хусус сухан рафт. Яке аз меҳмонон рӯ ба мизбон оварда пурсид:

— Пештар аз боғу роғ, ҷою ҷалол мепурсиданд. Акнун, ки давлати ҳар хонадон бача аст, аввал бачаатон чандто гуфта мепурсанд. Бачаҳо чанд нафар?

— Аз ин хусус ман бадавлат, бародар, — ҷавоб дод абрешимрес — Кам не, ғам не, шукр нӯҳ фарзанд ҳаст.

— Онҳо дар куҷо? Ҳама тараф иму чим-ку? — ба ҳар сӯ нигоҳкунон пурсид пирамарде.

пешина
аз 447
навбатӣ