Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Эй шумо одами бетамиз будаед! Гуфтам, ки не:
Ба се пул харбуза медиҳад-мӣ?— лабашро бурма кард харбузафурӯш.
— Ҷон Собир ако,— косиб умедашро намеканд.
— Равед-равед, аз корам намононед! — дӯғ зад дар охир харбузафурӯш ва косиб мехост равад, ногоҳ аз қафо овозе ӯро боздошт.
— Канӣ, амак, домани ҷомаатонро бардоред.
Ҳамаи харидорон ва харбузафурӯш филфавр даст ба сандуқи дил ниҳода, ба марди миёнсол, миёнақад, ки дар тан камзӯли моҳути кабуд, дар по мӯзаи хироми хушдӯхт ва дар сар саллаи майдаи симобӣ дошту ришу бурути кӯтоҳаки сиёҳе, таъзим карданд ва аз хирвори харбуза худро ақибтар кашиданд.
— Ман ба шумо мегӯям, доманатонро бардоред,— марди камзӯлпӯш ду лаби ҷомаи косиборо аз қафо қат карда, ба китфаш оварда, ба дасташ доду ба харбузафурӯш фармуд, як ба пуштораи ӯ харбуза бор кунад.— Канӣ тез бошед, чӣ қадар, ки бардоранд.
Косиб ҳайрон ва ҳиҷил меистод. Харбузафурӯш бо чолокии муаллақгардон ба пуштораи ӯ харбузаҳоро болоиҳам мегузошт. Чун домани чаппагардон дигар харбуза набурд, камзӯлпӯш ба китфи ӯ даст монда гуфт:
— Равед, амак, бо бачаҳо хӯрда, Собиракотонро пағзакак дуо кунед, ки аз дарди зиқнагӣ халос гарданд,— ӯ дид, ки косиб нарафта истодааст, илова намуд:— равед, набошад ин кас аз дасткӯшои пушаймон мешавад. Охир гӯед, ки розӣ ҳастед.
— Яке аз ҳазор розӣ, баред усто,— ночор харбузафурӯш олиҳимматӣ кард.— Бурдан намегиред. Натарсед, се пулатон ҳам даркор нест, тақсирамро дуо кунед, шудааст.
Баъзе харидорони ҳангомаҷӯӣ бо имо косиборо ба рафтан воддор намуданд. Ӯ ду-се қадам пуштнокӣ ва бо паҳлу роҳ гашту баъд чунон тез рафт, ки дар як нафас аз назар ғоиб шуд.
— Тақсир, ягон харбузаи ширин бурида диҳам буд,— хушомадгӯӣ кард харбузафурӯши рангу рӯяш аз аламу афсӯс сурху сафед ва ҳалқаш хушкида. Ӯ камзӯлпӯшро ба кисаковӣ нагузошт.
— Саломат бошед,— гуфт камзӯлпӯш ва рафтаравон табассум намуд.— Хайр ҳам даркор, чӣ гуфтед ако?
— Ин кас кист?— пурсид касе оҳиста аз дигаре.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё