Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
оҳиста ба кӯҳнафурӯш қанд барин пул карда рафтааст.
Боз як хотираи аҷиби вобаста ба ҳамин Чорраҳа дорам. Як рӯзи тобистон ба дӯконхонаи мо меҳмоне даромада омад. Падарам ба дасти ман як мирӣ дода фармуд:
— Давида ба Чорраҳа раву ба Собирамаки харбузафурӯшат дода «як харбузаи умрбоқии ширинашро ёфта диҳед» гӯй, тохта раву тохта биё. Ман ба замин туф мекунам, канӣ, хушк нашудан пеш омада метавонӣ ё не шапарак барин тоз!
Ман мисли иштироккунандаи пиёдапойгаҳ, ки дар бандаргоҳ калтакчаи эстафетаро аз дасти дигаре гирифтан замон метозад, пулро гирифтаму ба кӯча тохта баромадам. Бодвор тез ба Чорраҳа омадам. Дар ин ҷои даромадгоҳи растаи қассоби Собиркемтик ном харбузафурӯше ки тобистону зимистон харбузаро аз дигарон қимат фурӯшад ҳам, бинобар харбузашиносиаш харидоронаш бисёр буданд, дӯкон дошт. Собиркемтик — аз сабаби бодхӯрда будани парраи чапи бинияш ӯро ҳамин тавр меномиданд — дар паси хирвори калони харбузаҳои обинабот, умрбоқӣ, шакарпора, лӯбией ва зомучаҳои бевақтии хушбӯи сарчин меистод ва аз харидор гуфтагиашро мегирифт.
Ба мобайни харидорон даромада, ба харбузафурӯш пулро дарозкунон чанд бор гуфтам, ки як харбузаи ширини умрбоқӣ диҳад. Ӯ гӯё намешунид, ки эътиборе намедод. Баъде ки овозамро баланд кардам, дилгирона рӯйҳои бе ин ҳам пурчинашро бурматар ва, чунон ки мегӯянд, иллат кард:
— Ҳой устозода (косиббачаҳоро ҳамин тавр меномиданд), як нафас гапро ба гап мон! — рӯ ба ҷониби як марди аз сару либосаш косиби камбагалнамо овард: — ман ба девор не, ба шумо гуфта истодаам, ки намешавад, неро мефаҳмед?
Аз рӯятон гардам, Собир ако, — илтиҷо мекард косиб, ҳарчанд ки аз харбузафурӯш хеле калонсолтар менамуд, — тилло магир, дуо гир, дуо магар тилло не? — гуфтаанд. Илоҳӣ якатон даҳ шавад, ако, як хомакча-дия, ҳеҷ қисса не. Ҳалкоса карда, дар ҳаққатон дуо мекунем, — ӯ харбузаи майдаро ба рӯи каф гирифта ба харбузафурӯш наздиктар мебурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё