Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

самоворчӣ, дӯкондорон ва роҳгузарон «Ассалому алайкум, одамони нағз!» — гӯён таъзим намуд. Сонӣ номҳои балегӯёнашро гирифт, фармуд, ки ба он сӯи кӯча гузашта нишинанд ва худ ба рӯи як саҷҷодаи маллаи меҳробгул дар ин сӯи кӯча дузону зада нишаста аввал дӯст кашид. Домони яктаҳи малларо ба зери зонуяш газонд, фаши салларо кушода, ба китфи чап паҳн кард ва гуфт:

Ман намедонам, ки ризқам аз куҷо бар мезанад,
Аз барои ризқи ман Ҷаббор ханҷар мезанад...

— Ҳо, бале! — гӯён ҳар ду балегӯй калимаро кашол доданд.

Як самоворчӣ чойнаки чойро бо пиёла ба назди маддоҳ оварда гузошта рафт. Оҳиста-оҳиста одамон ҷамъ мешуданд. Маддоҳ бошад, бо гӯшаи чашм гирд омадани мардумро назоракунон аз ҳар тараф як шингил шеърҳои тоҷикию узбекӣ мехонд. Ниҳоят тақрибан ягон чил кас ҷамъ шуда, давра гирифта нишастанд.
Маддоҳ аз Ҳотами Той як эпизоди аҷоибро бо иловаҳои худ ҳикоя кард. Ӯ гоҳ Ҳотам мешуду гоҳ аждари тилисм, дев у нарин сари роҳи ӯ; мехест, менишаст, мегирист ва механдид. Охир ба болои мақсад, яъне ба талаб омаду дар ин ҷо ҳам устой кард.

Зимистон меояд. Ҳаво сард мешавад. Ба ману шумо, ки хонаю чой, сандалиҳои гарму ҷоғаҳи нарм дорем, аз сармо чӣ бок! Аммо дар пеши дари бузургворам — ӯ ба ҷониби гадоёни зери пештоқи даромадгоҳи мақбараи Хоҷа Муслиҳиддин ишора намуд, — гадоёни дараш, бечорагони бекасу кӯй, бесару тани гарм нишастаанд. Ман аз даҳ нафар ҷавонмарди ҷавонбахт даҳ ҷома, аз даҳ нафар мӯза ва кафшу маҳсӣ металабам, — гӯён ба сандуқи дил зада, ба ваҷд омада, гирыяву нола, лобаву зорӣ кунон ба миёнҷо фуромад. Одамоне, ки аз маддоҳ ваъдаи шафеъ шуда, рост ба ҷаннат даромаданро мегирифтанд, аз тан ҷома, аз пой мӯзаҳои худро кашида медоданд. Онҳое, ки қодири ин гуна хайроти калон набуданд, алоқадри ҳол пул садақа мекарданд.

Дар айни авҷи ҷомагундорӣ як гадо аз воқеа бохабар шуда, хост ба яке аз ҷомаҳо соҳиб шавад. Лекин
маддоҳ бо шеъру зарбулмасалҳо фурсате сабр карданро
фармуд, маъракаро ба анҷом расонд. Фардояш падарам дар дӯконхонамон гуфт, ки кӯсамаддоҳ ин пагоҳӣ панҷ-шаш ҷомаи кӯҳнаро ба гадоён дода, наву тозаҳояшро

пешина
аз 447
навбатӣ