Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Э, ин кас Иззатхораи тинг-тингчии худамон-ку! — хитоб намуд ҷавоне.— Рост, ба Москва рафта буд.
— Сари зани бечораро аз ҳафтсолагиаш кашида, то мурдан чашмбанду фаранҷӣ ҳам мекард. Ин ҷодари нангу асирӣ моро то лаби гӯр мебурд: ба болои тобути мо ҳам фаранҷӣ мепӯшанд. Ман ба Москва бо ҳамин фаранҷӣ рафтаму лекин дар бозгашт бе вай омадам. Ман рафиқ Ленинро дидам.
Ҳама баробар чапак заданд ва нотиқ аз ҳаяҷон худро каме фориғ намуд ва суханро идома дод:
— Ман Ленин, одамеро дидам, ки ба мо озодӣ до-дааст. Бинобар ин, дигар асири фаранҷӣ намешавам ва занони шаҳрамонро даъват мекунам, ки ин ҷодари сиёҳро партоянд.
Занон бо тела-тела аз қафо баромада фаранҷиҳои худро аз сар ҳаво доданд. Тамоми издиҳом ба мавҷ омад. Садои чапак баланд шуд. Марди савдогарнамо мехост аз байни мардум баромада равад, аммо ба худ роҳ намеёфт. Аксари ҳозирин ба рӯи занон, ки арақшор буданду ба ҳеҷ кас нигоҳ ҳам намекарданд, наменига-ристанд.
Дар бозгашт аз митинг гуфтугӯи ду каси рӯ ба рӯ омадаро мешунидам:
— Аз куҷо?
— Ман девона не, ки ҳамин хел рӯзанда дар хона шинам.
— Хӯш, ягон кору гапи нав шуд-мӣ?
— Арасот шуд, дар Чорраҳа. Медонӣ, арасот! Зан-ҳо аз худи болохона истода фаранҷӣ партофтанд. Як зани ба Москва рафта Ленинро дидагӣ хубам шӯронд.
— Ба Масков рафта Ленинро дидагӣ? Наход рост бошад-а?
— Ягон бор дурӯғ гуфта будам, ки ду бор шавад?
Дар ин ҷони заниши одам аз ҳар тараф маддоҳҳо ҳам омада маърака мегирифтанд. Як маъракагирии кӯсамад-доҳи тошкандӣ дар ёдам мондааст. Вай аксар вақт дар рӯзҳои рамазон омада, азоби рӯзадории мардумро як навъ сабук карда, аз пешин то аср афсонаҳои динии оид ба некӯкирдорӣ, инсондӯстӣ, адолат ва додрасиро турфа дилпазир ва пуртаъсир мегуфт. Дар мавридаш аз шоирон моҳирона истифода менамуд, шунавандаго-нашро гоҳ мегирёнд, гоҳ механонд.
Маддоҳ бо ду нафар балегӯяш ба Чорраҳа омаду ба

пешина
аз 447
навбатӣ