Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
сарбанд ҳам напечонда буданд ва аз паси онҳо мардон баромаданд, ки ман яктои онҳоро хуб шинохтам. Ин Ҷӯра Зокиров буд. Ҷавонмарди миёнақади гандумгуни кӯтоҳакак бурутча гузоштае. Мӯи сари чингилаашро тӯппии шафтолугул саришта карда наметавонист. Ӯ як бор ба мактаби мо омада, дониши шогирдонро санҷид. Ба ман ҳам чанд савол дода, ҷавобҳо гирифта, нависондаву хононда ба китфам зад. Аз куҷову писари кӣ буданамро пурсида, як қалами дар он вақт доираи фалак бударо ҳамчун тӯҳфа ба ман бахшид. Муаллим гуфт, ки ӯ аз мардикорӣ большевик шуда омадааст.
Ҷӯра Зокиров ба ақиб нигариста чиҳо мегуфту имову ишораҳо менамуд. Аз дари болохона боз панҷ нафар занон, аммо ҳама фаранҷиву чашмбанддор, монандӣ гӯсфандони ба зӯрӣ ҳай карда, бароварда шуда ба ҳам чафсу якдигарро тела-тела дода берун омаданд. Ин митинги дар ҳамон замон хориқулодда аксарро ҳайрон ва баъзеҳоро дар газаб кард. Ҷӯра Зокиров ба занони озод чапак зад. Мо мактаббачаҳо аҳлона ба вай пайравӣ кардем. Лекин аз байни издиҳоми номуташаккил кам андар кам одамон як-ду бор чапак заданду баъд ба гирду атрофашон нигоҳ карда гӯё шармиданд.
Он вақт дар шаҳри мо тоҷикон ҳам, вақте ки дар маҷлисҳо путк эрод менамуданд, ӯзбекӣ сухан мегуфтанд. Аммо Ҷӯра Зокиров митингро ба тоҷикӣ кушод ва гуфт, ки суханро ба Иззатбиби Муллобоева медиҳад, ки ба Москва рафта, Ленинро дида омадааст.
— Дурӯғ мегӯяд, зан куҷою масковравӣ? — пичиррос зад як марди каландриши чакмани ниёзӣ дар тан.
— Ҷӯра Зокиров дурӯғ намегӯяд. Фаҳмидаю нафаҳмида беҳуда гап назанед, — сухани ӯро бурид ҷавоне. Марди каландриш ба ҷавон ало-ало нигаристу бо оринҷу китфҳояш ба худ роҳ кушода рафт.
— Рафиқони азиз! — гуфт зан, — Бародарон, падарону фарзандони мо!
— Ин моча ба ҳама хеш баромад-ку! — пичиррос зад як марди камзӯлпӯши савдогарнамо.
— Ин хел даҳони бефаровезро бо пошнои кафш зада мебандад, — баланд омад муаллими мо Муллонасрулло Камолов. Савдогарнамо дандон ғичиррос занонда, худро ба ақиб кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё