Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

сухан мегуфт, ки ҳама нағз мешуниданд. Дар лавҳи хотири ман ин суханҳои ӯ нақш бастаанд.

— Ман аз Москва, аз пеши рафиқ Ленин омадам. Рафиқ Ленин ғами мамлакати мо, ғами халқҳои вай, ғами мову шуморо меҳӯрад. Ӯ мегӯяд, ки ҳама бояд босавод, бомаърифат шаванд, серу зиндагӣ кунанд. Барои ин мегӯяд ӯ, идораҳои шӯроиро аз думравон ва ҳомиёни боён, муллоёни мутаассиб тоза кардан лозим аст, ки ба корамон халалу зарар нарасонанд. Аммо дар идораҳои шаҳри мо ҳанӯз ин хел одамҳо ҳастанд. Дар қозихона бошад, ошкоро кисаи мардумро мебурранд.

— Рост! — аз байни издиҳом овозе баланд шуд.

— Судҳо кифоя. Қозихона баста шавад! — аз тарафи дигар кадоме овоз баровард.

— Талаби ҳаққонӣ, — гуфт Раҳимбоев ба рафиқони дар паҳлӯяш истода нигоҳ карда.

Ҳаво гарм буд. Офтоби сӯзон мардуми қариб беистисно саллаи сафед доштаро бераҳмона аракшор мекард. Воиз бошад, хеле вақт сухан гуфт. Вале ҳеҷ кас намерафт. Ҳама мехостанд шунаванд, ки одами аз назди Ленин омада чиҳо мегӯяд. Одамон худро гоҳ ба ин ва гоҳ ба он пой бор мекарданд ва меҷунбиданд. Ин вақт ин майдон аз баландӣ, аз боме ки мо меистодем, ба лаълие мемонд, ки пур аз сафедтелпаки ҷуворимакка аст. Ман дигар митинг ё ҷамъомадеро дар ин ҷо дар хотир надорам, ки одамон дар чунин ҳавои тасфон он қадар рост истода, ба сухани як одам ин тавр гӯшу ҳуш дода бошанд.

Абдулло Раҳимбоев суханони худро бо «Зинда бод Ленин!» ба итмом расонда буд.

Дигар бор рӯзи 8 март дар ин ҷо митинги калоне барпо шуда буд. Ин дафъа ба митинг одамонро ба воситаи карнай ҷамъ накарданд. Мактаббачагони советӣ саф ороста, дар зери команда сипоҳона қадам зада, дар рӯ ба рӯи минбари болохона қарор гирифтанд. Муаллимону хизматчиёни идораҳои советӣ низ ҳозир буданд. Инро дида, мардуми зиёди номуташаккил чорраҳаро пур кард. Хонандагони мактаби мо дар ҷои аз ҳама хубтар ва наздиктар ба минбар меистоданд ва сурудҳои инқилобӣ мехондем.

Як вақте чӣ мегӯед, ки аз дари болохона паи ҳам ду нафар зани бефаранҷие, ки ҳатто рӯйҳои худро бо

пешина
аз 447
навбатӣ