Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ҳоратона бо чунин айният нақши рӯи касеро накашидааст. Сурат ба қадри мӯе хато надошт.
Хушбахтии Асирист, ки ӯ ҳамчун як марди соҳибдил, фориғ аз тамаллук, шоҳ ё вазир, амир ё амалдореро мадҳ накардааст. Ҳол он ки аксари муосирони ӯ монанди Васлӣ ва дигарон амирони Бухороро саҳл кам ҷонишини худо эълон кардаанд.
Ба Чорраҳа расидем. Ин ҷои аз субҳ то шом ҳамеша пур аз одам дар ин дам холӣ буд. Ба оромии фавқулодда фақат фарроше, ки майдони нав кушодашудаи бозори навро мерӯфт ва қаровуле, ки дар назди дӯконе дар рӯи куттӣ менишаст, бо кадом касе сухан карда, халал мерасонд.
Чорраҳаро, чӯпон ки гуфтам, аз бозе ки ақл ба даст гирифтаам, дар тамоми фасли сол ҳамеша, пур аз одам мебинам. Замоне ин ҷо чор самоворхонаи рӯ ба рӯ дошт, ки ҳамеша дар ин ҷойхурон буданд.
Митингҳои меҳнаткашони шаҳр дар ҳамин ҷо барпо мегашт. Дар рӯ ба рӯи музеи ҳозираи кишваршиносӣ болохонаи баланди бозори шоҳӣ воқеъ буд. Аз пешайвони ошёнаи дуюми он ваъз мегуфтанд.
Дар соли ҳазору нӯҳсаду ҳафдаҳ аз ҳамин болохона фарзандони арзандаи Хуҷанд Кушнарев, Иваницкий, Ҷӯра Зокиров ва дигарон муждаи Революсияи Кабири Октябрро ба мардум расонда буданд.
Агар хато накунам, ё соли бисту як ё бисту ду як
рӯзи ҷумъа — рӯзи бозори онвақтаи шаҳрамон карнай
навохта дар ин ҷо одам ҷамъ карданд. Издиҳом чандон калон буд, ки ҷои сӯзан халидан намонд. Мо, ду-се
нафар бачагон, дар сари вақт болои бомҷаи назди пештоқи музеи ҳозира баромада гирифта, аз хавфи пешқунии дӯкондорон дар паси шохаҳои дарахт пинҳон
шудем. Ин тутӣ бузурги камаш ду аср умр дошта, ҳанӯз ҳам ба дӯкончаи газетафурӯшии назди музей ва
яҳмосфурӯшон дар тобистон соя медиҳад. Як вақте
«омадан-омадаи» одамон ба гӯш расид. Дар айвони
болохона як ҷавони қадбаланд, зангивор сиёҳи баррокабрӯ ва чашмони тангдоштаи бодомқавок пеш-пеши
панҷ-шаш нафар пайдо шуд. Овози одамонро мешунидам, ки мегуфтанд: «Ин одам ҳамшаҳрии худамон, Абдулло Раҳимбоев, дар Маскав буд, омадааст». Раҳимбоев ваъз гуфт. Ӯ пасу пеш қадам ниҳодаву дастонашро болову поён карда, бо овози чунон баланду бурро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё