Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

намешавад. Пуштибон ва ҳомиёни ман деҳқону косибҳои Хуҷанд ва мужикҳои Дилварзинанд, ки ба мусулмонони бечора тарафдорӣ ва мададгорӣ мекунанд.

— Ҳамаро монеду, тақсир, агар малол набиёд, гӯед, ки аз Бухоро ба шумо кӣ, чӣ навиштаасту шумо ба ин тезӣ чӣ ҳел ҷавоб навиштед? — мепурсад яке аз мухлисон ва улфатҳои шоир баъди рафтани расули Бухоро.

— Як ошнои ҷаноби Мирзоэшон аз Бухоро ба ӯ навиштааст, ки агар ман меҳмони вай шуда равам, ба сӯҳбату меҳрубонии амир мушарраф мегардонад...

— Тақсирам чӣ ҷавоб гардонданд? — мепурсад дигаре.

Шоир ба эълон намудани ҷавоби худ зуд розӣ намешавад. Ҳатто баҳона мекунад, ки аз хотираш баромад, вале ӯро намегузоранд. Асирӣ ночор бо овози фақат барои аҳли сӯҳбат шунаво ин сатрҳоро мехонад:

Ман амиратро ба як мирӣ* намегирам, бирав!
Илтифоти ӯ надорад қимати як дона ҷав.
Гарчи номи ман Асирӣ, шукр асираш нестам,
В-арна медод ӯ азоби беҳисобам пав ба нав.

Агар ин шеърро шунавандагони шоир ёд ва паҳн намекарданд, Мирзоэшон ҳам дамаш дар дарун мемонд. Лекин ҳангоматалабон онро овоза мекунанд. Иззати нафси шайх аз шоир коҳида, дар ҷое ӯро «бандаи ношукр» меномад. Ин хабарро ҳам ба Асирӣ мерасонанд, ки боз як ҳаҷви дигар кунад. Чанде нагузашта Асирӣ ба Мирзоэшон рубоии дигар бахшида даҳони ӯро маҳкам мебандад, ки вай ин аст:

Шутурлаб, хирсбинӣ, ғукчашму хукпешонӣ,
Аҷаб, ки бо чунин «авсоф» ту Мирзои эшонӣ!
Ту мирзой, ба пеши зодаи худ рав, ки мезебад,
Ба ту шояд намояд меҳрубониро вай арзонӣ.

Аҳсант! Асирӣ дар портретсозӣ, ростӣ, ҳамто надоштааст. Боре дӯстам табиби ҳозиқ ва шоир Аъзам Рустамов ба ман гадоеро нишон дода, пурсид, ки оё ӯро мешиносам. Ин ҳамон шутурлаб ва хирсбинист, ки Асирӣ нақши рӯи ӯро аз рассом ҳам хубтар кашидааст. Оре, дар шеър, ба хаёлам, ҳеҷ кас ин тавр бома-

  • Панҷ тин.
пешина
аз 447
навбатӣ