Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ҳам, рубоии Муллофахрӣ дар ҳаққи ӯ овоза шуда меравад.
Чанд қадам дуртар аз ёдгории шаҳидон то солҳои сиюми асри гузашта як самоворхона буд, ки самоворчиаш одами калонсол, хушмуомила, хизматгору хоксори ба хурду калон баробар буд. Номаш Холмуҳаммад. Шоир Тошхоҷа Асирӣ ӯро дӯст буда, аксар авқот дар ҷойхонаи он нишаста, бо мухлисон ва шунавандагонаш чой нӯшида, чак-чак карда мерафтааст.
Боре дар ин чойхона Асирӣ саргарми сӯҳбату шоҳмотбозӣ будасту ба сараш як одами Мирзоэшон ном шайхи мазор ва савдогари обрӯманди ҳамон замон омада рост меистад. Шоир аз ин беодобии ӯ ранҷида мегӯяд:
— Боми самоворхонаро ҳамин сутунҳо мебардоранд, ба осмон сутун даркор нест. Пас, ҷаноби шумо чаро рост истодаед.
— Ман аз Бухорои шариф ба шумо хат овардам, корам зарур. Ҳамонро супурда, ҷавобашро гирифта меравам, — мегӯяд одами шайх.
— Аз Бухоро? Аҷаб... — Асирӣ хатро гирифта мехонад ва ришханде мекунаду аз самоворчӣ қоғаз мепурсад ва қадамаш бароварда, чизе навишта, ба дасти ӯ медиҳад ва қоғази овардашударо зери лаган мегузорад. Фиристодаи Бухоро хатро хонда, ба қаҳру ғазаб омада, даҳон ба таъна мекушояд:
— Ҷаноби шоир, аз болои шоҳи рус мепаред, ки табааш вай ҳастеду ӯ пуштибони шумост?
— Не, тақсир хато мекунед, — оромона ҷавоб медиҳад Асирӣ. — Пуштибони подшоҳ ба ҳар кас муяссар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё