Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

осон кардам. Ӯ ба ман локро доду ба дафтар боз навишт: «Локи уст ҷал». Ман инро зуд фаҳмидам.
Лок ба усто Ҷалил буд...

Дар паси дӯкони Абдуллои лаблесак растаи вофурӯшон ва дар он ҷо дӯкони Муҳаммадамни ном вофурӯше буд. Падарам ҳикоя мекард, ки шоири халқ Муллофаҳрии рӯмонӣ боре шаби Наврӯз ченчӯби пои кадом як аъзои оилаашро оварда, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки як ҷуфт кафшро насия диҳад. Вофурӯш ба сад зории вай эътибор надода, илтимосашро рад мекунад. Ин вақт Муллофаҳрӣ аз киса коғаз ва қалам бароварда, чизе навишта ба вофурӯш дароз мекунад:

— Гиред, таксир. Ин забонхат. Навиштам, ки пулашро аз қоқи нав ду баробар карда медиҳам,— мегӯяд.

— Гуфтам-ку, дар айёми ид ба насия чиз намефурӯшам. Хосияташ нағз не,— саркашӣ мекунад вофурӯш.

— Аз рӯятон гардам, аввал як бор ба даст гирифта хонед, нафурӯшед, табъатон,— зорӣ мекунад Муллофаҳрӣ.

Вофурӯш қоғазро гирифта, хондан замон пора-пора мекунад.

— Шумо вайро дарронда партоед ҳам, аз ёди ман намеравад,— мегӯяд Муллофаҳрӣ.— Гӯш кунед, ман хонам,— ӯ паст-паст мехонад:

Илоҳӣ бимирӣ, Муҳаммадамин!
Равӣ зудтар ту бар зери замин.
Сабил аз сарат монад ин давлатат,
Дуоям ба ҳаққи ту бошад ҳамин.

— Ана ин як забонхат. Агар ин бас набошад, боз яктои дигар менависаму бо овози баланд ба ҳама хонда медиҳам, ки як умр ба маломати мардум мемонед,— мегӯяд Муллофаҳрӣ.

— Гапро кам кун. Ҳамин кафш сари шуморо хӯрад! — як ҷуфт кафшро ба пеши шоири халқ мепартояд вофурӯш.

— Ҳамин қадар кафшу маҳсӣ ҳанӯз ақаллан холи
гӯштини тушберамонанди тағи чашми шуморо нахӯрдаанду як ҷуфти онҳо сари маро чӣ хел мехӯрад? —
масхара мекунад Муллофаҳрӣ ва кафшро гирифта мебарад. Вофурӯш ҳарчанд кафшро ба насия дода бошад

пешина
аз 447
навбатӣ