Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аст. Ҳар ки дар мардиву мардодагӣ шӯҳрат меёфт, ба ин ҷо оварда, тақдиру ситоиш мекарданд ва ҳамаи мардони майдон сухани худро маҳз дар ҳамин ҷо ба мардум мегуфтанд. Қариб ба ҳамаи самтҳои шаҳри қадимии мо роҳ ҳам аз ҳамин Чорраҳа сар мешавад ва ё онро бурида мегузарад.

Аз собиқ бозори ғӯза — рӯ ба рӯи бинои ҳозираи командаи зиддисӯхтор сар карда, ин қитъаи шаҳр шинохтанашаванда гардид. Растаҳо ва дӯконҳои аттору баққолон, баззозу вофурӯшон аз миён бардошта шуданд. Ба ҷои онҳо хиёбон ва ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чанд қадам дуртар аз он кинотеатри «Пахтакор» бунёд карда шуданд. Бозори ҳозираи колхозӣ ҷои бисёри ҳавлиҳои кӯҳнаву фарсударо гирифт.
Ба ҳамин тариқ, шахсе агар ягон бист сол пеш ин ҷоро дида рафта бошаду ҳоло биёяд, ҳеҷ намешиносад, дар куҷо чӣ буд, ба хотир оварда наметавонад.

Аз ҷои растаи пештари атторӣ мегузарему ба шумо як атторро синос накардаам... Номи ӯ Абдулло, лақабаш лаблесак буд. Зеро ӯ беором лабонашро мелесид.
Аз зарби лесолес лабҳо сурх ва баъзан хуншор мешуданд. Ӯ ба мо лавозимоти кафшдӯзӣ — зоғ, лок, гули хайрӣ, ширеш ва дигар чизҳоро аксар вақт насъя медод ва бинобар ин, миҷозҳош бисёри буданд. Абдуллои лаблесак аз ҳама пеш дӯкон мекушод ва аз ҳама ақиб ҳам мебаст. Шаби рӯзҳои бозор чароғ даргиронда ҳам савдо мекард.

Як рӯз ман барои харидани лок ба назди ӯ рафта будам, ки дар чашм айнак монда, дафтари нақду насъяашро аз назар мегузаронд. Овози маро шунида, сар бардошта пурсид:

— Хӯӯ, писари усто, номат чӣ буд? — ва ҳанӯз аз ман ҷавоб нагирифта, боз савол дод: — ту хат хонда метавонӣ-а? Эй, боракалло! Ана ҳамин хатро хон, — бо ангушт як сатри дафтарро нишон дод.

— Сулси канаф, — хондам ман ва маъниашро нафаҳмида ҳайрон будам, ки аттор хурсандона лабашро лесидан гирифт. — Мулло шуда мондай, писар, бале!

— Хондаму нафаҳмидам, — гуфтам ман.

— Ман фаҳмидам, писар, маъниаш ҳамин, ки Собирбойга семириба канаф фурӯхтаам, яъне насъя.

Маълум шуд, ки аттор хати худ навиштаро хонда
натавониста, хуни ҷигар мешудааст, ки ман мушкилоташро

пешина
аз 447
навбатӣ