Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тарсида, намегузошт, ки ба он равам. Дар ҷои бозори ғӯза ҳоло иморати сеқабатаи истиқоматии калон сохтаанд.

Аз пеши мактабхонаи Валихон мактаббачагони шамшеру милтиқи чӯбин овехтаи он мактаб саф баста, суруд хонда «сӯзу-сӯз»-кунон мегузаштанд. Вале аз тарси адабҷӯби биҳигӣ мо ҷуръат намекардем, ки аз ҷоямон хеста, ба онҳо нигоҳ кунем. Мактабдор ё халифа ҳамин ки суруди мактабиёни советиро шуниданд, моро ба шарқихонӣ водор мекарданд. Шарқии мо ғайр аз дуои борон, дигар ҳама арабӣ буданд.

Аз-субҳу бадо ман талъатиҳӣ,
Вал-лайлу даҷо мин рафъатиҳӣ,

Гулӯямонро дарронда мехондем, аммо намедонистем, ки онҳо чӣ маъно доранд.

Аз мактаби кӯҳна маро Неъмат ном ошноям наҷот дод. Гапро ба як ҷо мондем. Як пагоҳии барвақт бо сардории Неъмат чанд нафар бачагон ғалоғулакунон ба ҳавлӣ омаданду маро кашолабардор карда, ба мактаби советӣ бурданд. Аз мактаб санг, тахта, қалам ва китоб гирифта, бо андӯҳи сохта ба ҳавлӣ омадам. Гумон мекардам, ки падарам сахт ранҷидааст. Лекин маълум шуд, ки ӯ ҳам мунтазири чунин тасодуф будааст.

— Хуб карданд, ки кашола карда бурданд, — табассум намуд ӯ, — аммо ба мадраса рафта омада гард.
Нагӯянд, ки худобехабар шуда рафтем.

Вале дигар як тасодуфе маро аз азоби мадраса ҳам фориғ кард. Савачӯб домулло дар як рӯзи нағз бо шогирдонаш, ки ҳанӯз фурсати аёдатро наёфта буданд, хайру хушро насия карда мурд. Ҳам худаш аз азоби тарбод ва ҳам муллобачагон аз укубати моломол халос шудем.

III

Шуморо, хонанда, ман ба сӯи Чорраҳаи бозори
Панҷшанбеи шаҳрамон мебарам, ки онро падарам дар
вақти ба сайри лола рафта истоданамон, шумо дар ёд
доред, Чорраҳаи мардон номида буд. Чаро ӯ ин тавр
номид, он вақт намедонистам. Ҳоло ин ба ман маълум

пешина
аз 447
навбатӣ