Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
дошт, боз гашта омад. Ин вақт девонагии ӯ аз ҷӯш монда буд. Ҳавливу ҷои падарашро соҳибӣ кард.
Ҳоло дар даст ҷомадончаи хурде дошт. Ҳар ду вохӯрӣ ва ҳолпурсӣ кардем. Ӯ аз Қнибодом аз назди хоҳараш меомадааст.
— Аз пеши мактабхонаатон мегузареду саратон ҳам, нимнигоҳ намекунед. Магар фаромӯш кардаед, ки замоне ману шумо дар ин ҷо мехондем? — пурсид ӯ хандакунон бо мӯйлаб ба сӯи як хоначаи ғамаке ишора намуда.
Дар ҳақиқат дар сари роҳ тақрибан дар миёнаи роҳи байни тӯйхона ва бозори шаҳр, ин бинои замоне мактабхона номдоштаву ҳоло барои оғил ҳам номувофиқ ҳанӯз бутун меистод. Эй кошкӣ дар қатори манзилҷойҳои ин маҳалла — музеи оянда, ҳамин бино ҳам нигоҳ дошта, ба болои дараш лавҳае меовехтанд: «Ин кулба аз соли ҳазору нӯҳсаду сездаҳ то соли ҳазору нӯҳсаду бист мактаб буд ва дар ин бино дар рӯи пахол нишаста, сӣ-чил нафар бачагон мехонданд».
Хуш бош кардему ба ду тараф рафтем. Акнун солҳои «таҳсили ин мактаб» аз мадди назари ман дарғузар шуданд. Дар ин ҷо навъ босавод шудам. На дар сояи таълиму тарбияи мактабдор. Балки дар натиҷаи кӯшиши худ. Зеро дар он мактаб шогирдон ва ҳатто халифаҳое буданд, ки панҷ-шаш сол хонда аз «Ҳафтъяк» кашида то ғазалҳои каллакафони Бедилро ёд мекарданду лекин алифро нишон диҳед, калтак мегуфтанд. Мактабдорамон Валихон, яке аз хасмҳои мударрисамон, марди на фақат камсавод, балки бебунёд ҳам буд. Ба мактаб пагоҳиҳо меомаду шогирдони дарс ёднакардаро муддарои табъ зада ва пас таълимро ба халифаҳо супурда, тӯй ба тӯю азо ба азо ва, агар онҳо набошанд, бо корҳои дигар машғул шуда мегашт.
Фақат як рӯзи панҷшанбе барои гӯндоштани панҷшанбегӣ то охири дарс менишаст. Зеро бачагони панҷшанбегӣ наовардаро ба хонаашон мефиристоду нигарон мешуд. Вақти пешин як одам омада, нонҳоро шумурда, ба халта андохта бардошта мебурд. Мактабдор онҳоро ба ӯ мефурӯхт.
Аз ин мактаб тақрибан чорьяк километр дуртар дар бозори гӯза дар ҳавлии беруни Охунбойфисин ном бое соли нуздаҳум мактаби ибтидоии советӣ кушода шуд. Аммо падар аз айбу эроди ғайбатгарони маҳалла

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё