Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тағои арӯсро доштам, ҳарчанд, ки молшиноси кӯҳнапараст ба тӯй наомад, то соати яки шаб аз он ҷо рафта натавонистам. Дилам нашуд. Чунин ҷамъомади хушҳол ҳар рӯз ёфт намешавад охир.

Соати ба висолрасӣ, ки дар ин ҷо «қатикунон» меҷоманд, расид. Дар ин асно ман халифаам Хайринисоро дидам, ки як банд шибогро бардошта оварда, ба миёнаи ҳавлӣ гузошт ва гӯгирд зад. Оташ ҳавлиро равшантар, рӯи аз кайфи май сурхи ҷавононро сурхтар гардонд ва зане ҳам ки то ин вақт маътали «ҳа!» будааст, магал бардошт.

— Ҳа, рост. Ақаллан як ёр-ёр ҳам намегӯем-мӣ, ин чи хел мешавад охир! — мегуфт ӯ ва ҳанӯз таклифи вайро касе написандида ёр-ёргӯиро сар кард, ки ба ӯ баъзе занону духтарон, ҳатто йигитчаҳои сархуш ҳампогӣ карданд.

Даруни чимилик нону каймоқ,
Келинойим бодомқавоқ.
Ёр-ёре бодомқавоқ.
Даруни чимилик нону шинӣ,
Домодпоччом косаи чинӣ.
Ёр-ёре косаи чинӣ.

Аммо ин суруди деринаи арӯсӣ тӯл накашид. Сурудҳои гуногуни тӯйхӯрони гуногун авҷ гирифт. Ёр-ёр аз байни таронаҳо базӯр ба гӯш мерасид.

Ошноям ба ҷону ҳолам намонда, маро то қарибии кӯчаи калон гуселонд. Хуш раву хуш мон гуфтем. Вале таъсироти тӯй хеле вақт хуши маро банд карда буд. Хандаҳои мастонаи одамони аз тӯй баромада, ки ба ҳар сӯ пош хӯрда мерафтанд, маро андармон намекарданд. Лекин овози шигифтомезе, ки гӯё пеши роҳамро боз медошт, маро ба худ овард.

— Салом. Дар ин бевақтии шаб аз куҷо? — мепурсид касе дар пеш истода. Чароғ аз теппаи симчӯб гоҳ пешонӣ ва нисфи рӯй, гоҳ бурути кӯтоҳу манаҳи тоза тарошидашудаи ӯро равшан мекард. — Ба гумонам, нашинохтед?

Баъди ин савол ман вайро шинохтам. Ӯ ҳам аз ҳамин маҳалла буд. Дар вақти ҷавонӣ аз ҳад зиёд шӯх, ҷангараву моҷароҷӯй буд. Ба мастию пастӣ одат карда, падару модарбезор шуда, муддати мадиде бедору дарак рафта буд. Ягон понздаҳ сол пеш дар синни чилу панҷсолагӣ бо украинзане, ки аз ӯ ду нафар бача

пешина
аз 447
навбатӣ