Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
аҷоиби онҳо ҳамин Нурмуҳаммад аст. Ӯ ҳунарманди зӯр шуда ном бароварду дониши он қадар қазоӣ надорад. Аммо муҳит ӯро тарбия ва дигар кардааст. Вай акнун нафақат кӯҳнапарастонро шармсор кардан мехоҳад. Балки аз нуқсони замоне доштааш шарм мекунад.
То соати ҳашти бегоҳӣ ғайр аз худу бархуд аз ҳамаи тоифаи бинокорони шаҳр — намояндагони бригадаи пулсозони украинӣ, ки кӯпруки дарёи Сирро ба истифода медоданд, гилкорон, дуредгарон, бетонгару бетонрезон, арматурагарон, андоваю сафедгарон, аксар ҷавонон, ки пой монанд, замин меларзад, ҷамъ омада буданд. Як тӯда бинокорони тотор баяннавози худро пешандоз кардаву таронаи арӯсияшонро суруда кӯчаро ба сар бардошта аз қафояшон як олам бачагонро гирифта омаданд.
Аз ҳар миллат гӯё дар ин ҷо намояндае буд. Ҳатто як ҷуфт немисҳои аз они худӣ, ки масканашон лаби Волга аст, омада буданд. Ду нафар наққошони солхӯрдаи шаҳрамон Абдулғафур Мансурову О. Яъқубов, ки бо нақшҳои беназир дар қасри маданияти колхози «Урунҳоҷаев», китобхона ва театри мӯҳташами нави шаҳрамон аз худ ёдгориҳо гузоштаанд, низ ҳозир буданд. Хулоса, ин тӯе буд байналхалқӣ. Дар чунин тӯй арӯсро аз кӯча ба сараш сӯзанӣ андохта оварда, ба пушти парда гузарону рӯзатро бин! Шармандагие мешуд, ки ба он молшинсс барин беномус ҳам тоб оварда наметавонист. Арӯс соати ҳашт омад. Ӯро дар кӯча домод бо гулдаста пешвоз гирифта ба ҳавлӣ даровард. Чапак, садоҳои хушҳолӣ баланд шуд, ки мусичаҳои гӯли бепарвофалаки дар шоҳи дарахти ҳамсоя ба хоб тайёршуда ҳам ҳаросида парида рафтанд. Дар чашми Нурмуҳаммад ҳалқаи ашки шодиро медидам. Бинокорон пул ҷамъ карда ҳадяи арзандае овардаанд, ки ин пайкарнамо буд.
Турфа тӯе шуд! Аз паси таронаи тоҷикӣ суруди русӣ, рақси озарбойҷонӣ, бадҳаи шӯҳи украинӣ, покӯбии пурҷӯши арманӣ маҳфилро метасфонданд.
Нӯшиданду чӯшиданд. Гуфтанду суруданд. Домоду арӯсро ҳам намонда ба миёна кашиданд. Онҳо ҳарду ба оҳанги «найрез» як рақси аҷоиб карданд. Маълум буд, ки якҷоя бори аввал намерақсанд.
Ана ба ҳамин тариқ, ман ки рости гап, ғайр аз поси хотири ошно ва халифаи бачагиам, иштиёқи дидани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё