Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
худомонро намекардаанд. Ба ростӣ завол нест. Барои ҳамонҳо шуда баъзе гапҳоро гуфта будам. Набошад, охир, ба мо ҳам ҷин назадааст.
— Ҳа, барака ёвед, уқоҷон, — гуфтам. — Гап ана ин тавр шудааст. Мо одамҳои институт тамом кардагию калонпоя набошем ҳам, медонем, ки ба гапи ҷавонҳо даромадан даркор. Чунки, уқо, соҳиби тӯй ману шумо не. Худи ҳамонҳо, яъне арӯсу домод. Ману шумо бошем тӯйхӯр. Ҳамин тавр не? Ҳа, баракалло. Ба расму русумҳои кӯҳна кана барин часпида гирифта хира кардани табъи бачагонамон аз рӯи ақлу одамгарӣ не. Хӯш ки бошад, акнун ба гузашта салавоту гуфтагиамон нагуфтагӣ, ман хотирҷамъ рафтан гирам ё? «Не-не. Хотирҷамъ. Худамон сару бар шуда мебарем. Тӯйро ҳамроҳ мувофиқи табъ мегузаронем», гуфт. Ҳатто ба ягон ҷой шишта равед. Акнун мо хеш шуда мондаем, баъзе чизҳо аз мағоза ёфт нашавад, ёфта медиҳем», — гуфта хушгуфторӣ ҳам кард. Аммо гапҳояш маппа-маълум рӯбинона буданд. Дина арӯсамон ба писар хабар додааст, ки тағоям сахт гирифт кардагӣ, эҳтимол ба тӯй наравад. Набиёяд-набиёяд, садқаи сар. Ғам ҳам намехӯраму як бурда нонро кам ҳам.
Дар ин вақт аз дари кӯча ҷавони миёнақадди хушкифту бозуи кулҷарӯи борикбиние, ки ба як назар Хайринисоро ба ёд меовард, даромад.
— Ана, ҳамин кас писари ман мешавад, ки хӯрҷини зиндагӣ аз фардо ба китфаш мефурояд, — аз ҷой нимхез шуда ҷавонро ба тарафи худ ишора намуд Нурмуҳаммад. — Биё, писарам бо амакат шинос шав, — ӯ номи маро гирифта суханашро давом дод, — аз маҳалла амакат хеле сол пеш кӯчида рафтаанд. Бинобар ин туро надидаанду намешиносанд.
— Ғулом, — йигит дасти маро дар байни панҷаҳои шахшӯлаш фишурда худро шиносонд.
— Номи ёфта мондагиамонро айб накунед, — гуфт падар, ки ман ҳам аз чеҳра ва аз оҳанги суханонаш хиҷолатро ҳис менамудам.— Бача мешуду мумурд. Бо-лои ҳам чортоаш мурд. Очакалонаш маслиҳат медиҳад, ки ба ин Ғулом ном монанд. «Ғуломҳо ҷонсахт мешу-данд», мегӯяд. Розӣ шудем. Акнун пушаймон. Номи дар замони мо номувофиқу нозеб.
Ман аз дил гузарондам, ки маҳалла комилан нав нашуда бошад ҳам, одамонаш нав шудаанд. Мисоли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё