Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

хоки шӯрпарвару ба хушкӣ тобовар аст, дигар кабуди ё надошт. Дар хотирам мондааст, ки ин ҳавлӣ хонаи ёздаҳболори даҳлезаш ҷудои хеле кӯҳнаи пур аз токҷаҳо, як айвон, дар паҳлуи ғуломгардиш дӯкончаи кафшдӯзӣ ва як соботнамо ҳезуммонак дошт. Ҳоло аз онҳо нишон намондааст. Рӯ ба офтоб се хонаи қатор бино кардаанд, ки пеши яктои он айвони баланд дорад. Ба баракати водопровод рӯи ҳавлӣ сабзу хуррам буд. Баргҳои дарахтони понздаҳ-бистсолаи зардолу ва гелосу олучаро тирамоҳ рангҳои сурху зард дода бошад ҳам, дар токи баланд аз шӯълаи сурхи офтоб донаҳои шакарангур, хусайнии аз минкори гунҷишкон хеле хуб нигоҳ дошташуда медурахшиданд.
— Марҳамат кунанд, марҳамат! Ана ба ин ҷо, нури дида,— гӯён соҳиби тӯй маро аз хона ба берун оварда, ба паси столи майдае ки дар як тараф алоҳида бо ду стул гузошта шуда буд, бурд.— Ҳоли ҳозир як дамакак то омадани меҳмони дигар шишта меистед.
Боз зуд дастархон ва чой оварданд. Ману Нурмуҳаммад аз ин-он тараф гапҳо гуфтем. Сухан боз ба сари тағои арӯс омад.
— Як занбару ду ҳаммолбоб кардам,— қоҳ-қоҳ хандид ӯ.— Ҳамон рӯз аз ҳавлии шумо баромадаму рост ба база рафтам. Қаровул ба даромадан намонд. Ӯро чеғ зада бароваронд. Ассалом, ҳешомон, гуфтам. Ман дадои шавҳаршавандаи хоҳарзодатон мешаваман. Рангаш даррав канд. Ман ҳам аз мӯи ба пушт силик шоназадааш сар карда то туфлиҳои нӯлборики ҳаминзамонааш нигоҳ карда баромадам. Набурдам наовардаму шуморо, укоҷон, ғоибона ягон нимҷамуллои куртаи чиҷакдорпӯш гумон кардаам, гуфтам. Вай бошад аз баланд-баланд гап заданам чунон тарсид, ки рангаш девори каҳгил барин шуд.
— Марҳамат, ба ман ягон хизмат буд-мӣ? — пурсид овозаш ларзидаю кафтараки гулӯяш болою поин шуда.
— Хизмат ҳамин ки уко, ҳардуямон як ба пеши котиби горкоми партия меравем, гуфтам. Шумо ҳам гапатонро гуфта шунаведу ман ҳам.
— Аҷаб гапҳоро мегӯед, амакҷон,— гуфт вай як илоҷ карда.— Ҳакку ҳамсояҳои келиншавандаатон аз ҳамин вақт ба айбкунӣ даромадаанд, ки расму қоидаҳои

пешина
аз 447
навбатӣ