Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ба куҷои вай чӣ хелу чӣ ранг абрешим духтан даркор, таъин карданд. Ду-се бори дигар боз омада таълим доданд. Чӣ мегуед, ки ману Озода ба кор сар кардем. Вай аз гулу поёнро духт. Шаш моҳ гуфтагинда сӯзани буд шуду Нуриддинхӯҷа ба куҷоҳо бурда ба выставкаҳо ҳам нишон дода оварданд. Нияти ман ҳамин буд, ки худо расонаду ба Ғуломҷон зан гирифта диҳам, тӯёна кунам.
— Чӣ тӯёнаи бузурге! Ба олийҳимматии модар таҳсин гуфтам.
— Аз ин мебарояд, ки расм ба шумо маъқул? — пурсид Хайринисо табассумкунон бо ифтихормандӣ.
— Асари олийҷаноб! Офарин! Ба ҳама маъқул мешавад. Истед, ки кай духта тамом карда будед?
— Соли чилум буд. Аз ҷанг як сол пеш,— ҷавоб дод Хайринисо боз маро ба дастархон таклиф намуда.— Аз шумо, домуллоҷон, як илтимос. Як байт гуед, ки мазмунаш ин сӯзани тақдими модар ба писар бо- шад. Албатта, ҳозир не. Кай, ки фурсат ёбеду ба қавле илҳом омада монад. Ман дар поёни сурат медузам. Барои ҳамин ҷой мондаам. Канӣ меҳрубон шавед. Ча- ро ҳеҷ чиз намехӯред?
Дар ин асно ҷавонзане аз дами дар Хайринисоро ба берун даъват намуд ва ману Нурмуҳаммад дар хона мондем. Чашм аз сурат наканда дар дил байтро тайёр менамудам. Вақте ки қаламу коғазро бароварда ин сатрҳоро менавиштам:
Сӯзанидӯз зани чевару мушфиқ модар
Кард тақдим чӣ хуш сурати доҳӣ ба писар!
(Аз Хайринисо ба Ғуломҷон).
Хайринисо даромада омад ва мехост қафо баргардад, ки ба илҳом халал нарасонад, аз роҳ боз дошта ин навиштаамро хонда ба дасташ додам. Шодии ӯро ҳад- ду поён набуд.
Ман дар боло гуфта будам, ки маҳалла он қадар тағйир наёфтааст. Ин хато баромад. Дохили ҳавлиҳо, аз ҳамин ҳавлии як косиб қиёс, дигаргунии калон пай- до кардаанд.
Дар гузашта ҷанги ин ҳавли ба осмон даққа мезад. На ҷӯй дошт ва на чоҳ. Аз ин рӯ, ғайр аз шӯра, ки аз оби барфу борон баҳравар шуда ду-се моҳи баҳорон дар зери деворҳо месабзад ва чӯрубаки масҷид, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё