Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Қиссааш, домулло, анча дароз. Шинед. Омин...— гӯён Хайринисо даст ба дуо бардошт.— Тӯй болои тӯй шаваду домоду келин донаҳои бобаракат шаванд.— Хайринисо омин карда аз ҷой бархост ва боз дастҳоро ба сандуқи дил гузошта хуш омадед гӯён таъзим намуд ва дастархон ба наздам кушода аз қафои сӯзанӣ лаълии ба рӯяш тақсимиҷаҳои анвои ширинӣ чидашуда ва лаълии дигари нонро гирифт.

— Ҳамаашро худам дӯхтам гӯям, дурӯғ мешавад, — Хайринисо нон пора намуда, ба наздам гузошт ва ба шавҳараш нигарист. Ӯ бошад, «ман ҳозир чой мебиёрам» — гӯён аз дар баромад. — Духтарам Озода ҳам, худо умрашро диҳад, ба ман рафта, чевар шуд. Сурат-ро оча-бача ҳардуямон дӯхтем. Аммо қаламашро, шумо донед даркор. Баҳриддинхӯҷаи Масҷиди сурхӣ ба суф кашида доданд. Қиссааш дароз гуфтанам бе ваҷҳ нест. Канӣ, ба нону ширинӣ нигоҳ кунед, домулло. Дадош чойро худатон мерезед, — гуфт ӯ ба шавҳараш, ки чойник оварда рӯ ба рӯям нишаст. — Як рӯз бо як кор ба облисполком арз карда ба пеши Мастура Авезова рафта будам. Дар дами дар одам анча бисёру навбат поида мешиштам, ки як одами навчаи қокту — ҳамон Баҳриддинхӯҷа, — сонӣ донистам, ки он кас сураткаш ва наққош будаанд, — сурати калон бардошта даромаданд ва бенавбат ба пеши раис даромаданӣ шуданд. Аммо одамҳо намонданд, барои тамошои сурат шуда. Худи сурат ҳам тамошобоб буд. Сурати Ленин аз донаҳои ғаллаву дона. Рӯю гулӯ аз гандум, қошу сиёҳии чашм аз мош, сафедии чашм, гиребону пеши курта аз ҷуворӣ, пичак ва галстук аз моши сиёҳ буданд. Худо ба он кас дили васеъ дода будааст. Ҳамаи ҳамин донаҳоро часпонда суратро чунон монанд кардаанд, ки ҳайрон мешудед. Домуллопоччо, гуфтам, ба он кас, сонӣ донистам, ки номи падарашон Нуриддинхӯҷа бу-дааст, чӣ мешавад, ки қалами ҳамин расмро ба як суф кашида диҳеду ман ба сӯзанӣ дӯзам. Илоҳӣ хокро ги-ред, зар гардад. Худи ман ҳамин хел як сӯзанидӯзии ҳунармандро кофта гаштаам, гуфтанд он кас. Шумо аз кадом маҳалла, номатон чист? Ман хурсанд шуда-му зуд аз куҷоҷо чи кора буданамро гуфтам. Он кас ғоибона маро мешинохтаанд. Тӯппиҳои шумо дӯхтаги-ро дидаам, гуфтанд. Ана ҳамин тавр шуда Баҳриддин-хӯҷа як рӯз суфи қаламкашидаашонро гирифта омаданду

пешина
аз 447
навбатӣ