Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

як фонуси ягона дар сари чӯбе равшанӣ медод. Ман ба китфи Фозил по монда, ба бом баромада гирифтам ва акнун аз дасти вай мекашидам, ки барояд. Ин дам аз маҳшар бачае гурехта баромад ва аз қафои ӯ бачаи дигар думболагирӣ менамуд. Гуреза ҷонҳавлӣ ба китфи Фозил по монда, чолокона ба бом баромаду ба ман нигоҳ ҳам накарда, монандӣ гурба аз бом ба бом хез зада гурехт. Бачае ки ӯро пеш карда меомад, «ту вайро гурезондӣ?»— гӯён ба Фозили бегуноҳ дарафтод. Фозил ҳарчанд бачаи газгӯшт ва назарногир намоянд ҳам, хеле боқувват ва чолок буд. Дар ҷавоби муште, ки ба сандуқи дилаш зада шуд, лагаде ба сари синаи ҳариф зад, ки вай пуштинокӣ афтод ва номи тарафдоронашро гирифта, фарёд зад. Фарёд беимдод памонд. Бачаи дигаре ки аз аввалӣ калонтар буд, аз тӯда берун омада, ба мадад шитофт ва тозон омада, ба баногӯши чӯраи ман тарсакии обдоре зад, ки вай аз зарби он аз замин канда шуда афтод. Акнун Фозили бегуноҳу бечора, ки ба ҷуз ман дар он ҷо тарафгире надошт, дучори ҳуҷуму ҳамлаи ду нафар буд. Ман хоҳу нохоҳ ҳеҷ набошад мебоист ӯро халос менамудам. Ба ин сӯву он сӯ нигоҳ карда, дар бом карнайкӯҳнаҳои бисёри самоворро дидаму андешаю хаёле ҳам накарда, як карнайро ба ҷониби бачае ки чӯраи маро зада ғалтонда, лагадкӯб менамуд, бо шасти тамом ҳаво додам. Ба гумонам, карнай рост рафта ба гардани вай расид, ки мурдам гӯён фарёд заду ба ҳеҷ тараф нигоҳ накарда, гурехт, Фозил ҳайратангезона чолок бархоста лагаде ба сӯи бачаи аввалӣ ҳаво дод. Вале вай роҳи гурезро гирифта буд.

Ман ба бом дароз кашидаму даст ба поён карда, Фозилро чеғ задам. Ӯ нолакунон бо як азобе ба бом баромаду ба паҳлуям нишаст.

— Ҳаромӣ, як-ду бор ба ишками сахт лагад зад.
Дард карда дилам беҳузур шуда истодааст,— гуфт ӯ.

— Шин. Дароз кашида, як дам нафасатро рост кун, дуруст мешудагист,— маслаҳат додам ба ӯ.

Дар поён занозанӣ ҳанӯз давом дошт. Ҳақорат, гирья, ғул-гула ба ҳам омехта, ба фалак даққа мезад. Бар иловаи ин, гоҳ аз ин ҷою гоҳ аз он ҷо «ҳа, шери акош, зап! Ба гурехтан намону аз пояш қап!» гуфтани йигитчаҳо ва ҳангомаҷӯи бедардон низ ба гӯш мерасад. Дар ин асно хайрият аз ду тараф ду милиционери аспсавор ва як нафар далвзан расида омаданду ҳуштакҳо кашиданд.

пешина
аз 447
навбатӣ