Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Он қадар бачагони ба ҳам дарафтода ва ҳангомаҷӯён чунон тез ба ҳар сӯ пош хӯрданд, ки дар майдон баъди чанд дақиқа ғайр аз милиционерон ва қаровулҳои раста дигар кас намонда буд.
Аз бом оҳиста фуромадем. Фозил андак мелангид.
— Ба ман нигоҳ кун, ба поят заданду лат хӯрдмӣ? — пурсидам.
— Ба поям назаду лекин кафи поям тагурӯ шудагӣ барин. Ба замин монам, дард мекунад, — ҷавоб дод ғамгинона ва пушаймонона Фозил. — Набиём, нағз будааст.
Дар ин асно аввал ҳуштаки милиционер ва баъд овозҳои «дузда дор!», «Ба гурехтан намон! Дузда қапед» баланд шуд. Аз ҷониби чорраҳа як нафар тозон ба тарафи мо меомаду ягон понздаҳ қадам дур аз қафояш се-чор кас метохт. Ман гурезаро дида мондам. Ӯ ҷавони қадбаланди пойлуче буд, ки куртаи пешкушо, шалвори почаҳояш ба боло барзада дошт. Ҷавон худро ба сарое зад, ки як табақаи дари он ҳанӯз кушода буд. Вале саройбон ки, мазмун, дар қафои дар пинҳон меистодааст, пушти гуреза гаштан ҳамон, аз ақибаш маҳкам ба бағал гирифта боздошт ва худи ҳамон дақиқа дигарон расида омада, гурезаро дастгир ва пешандоз карда ба сӯи чорраҳа равона шуданд.
Фозил агарчанде ки мелангид, гӯё дарди шикаму бехузурии дилро якбора фаромӯш намуд, ки рӯй ба ман овард:
— Дуздро қапиданду ба милисахона мебаранд. Гард, рафта тамошо мекунем.
— Нағзаш, биё, ки равем. Дар ҳавлӣ хавотир нашаванд, — нӯлпоккунӣ кардам, дар сурате ки савдои тамошои моҷаро қарорамро мебурд.
— Ҳеҷ гап не. Мегӯем, ки ба дари мадраса ҷамъ шуда, афсонагӯй кардем.
Зуд розӣ шудаму ҳар ду ба ҳангоматалабони бисёри хурду калон ҳамроҳ шуда, ба шӯъбаи милиция, ки бинояш дар байни дӯконҳои собуну ҳалвогарӣ, чанд қадам дуртар аз Чорраҳа воқеъ буд, омадем. Ҷавони бандиро ба шӯъба дароварданд. Лекин афсӯс, ки ягон нафарро наздик шудан ҳам намегузоштанд.
— Оқсаққолро чег зада биёед, дуздро ба ҳабсхона фиристанд,— овозашро баланд намуд атторе, ки бино ба пичир-пичири одамон, ҷавони гуреза куфли дӯкони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё