Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
вайро шикастанӣ будааст. — Ба як хоначаи дару девораш базӯракӣ қава карда равед, вай баромада мегурезад.
— Ба ҳеҷ ҷо гурехта намеравад. Оқсаққол биёянд, гувоҳҳоро ёфта меоем, — мегуфт милиционер.
— Ҳамаро пеш мекунаду сонӣ пора гирифта сар медиҳад, — аттор ин дафъа овозашро паст намуда. — Пештар мебуд, ин хел хушдорони моли мардумро як муштӣ карда, мекуштанду на оқсаққол чизе мегуфт, на қозӣ.
Акнун бошад... Эҳ, замона-замона!
— Ана оқсаққол омаданд, — гуфтани касе чашми ҳамаро ба сӯи сарои ҷинғиҳо нигаронд ва хомӯшии томеро барқарор намуд. Аз он тараф як одами миёнсоли газгӯшт, ки дар тан либоси муқаррарӣ ва дар сар тӯпии сабзи махмалини Тошканд дошт, шитоб накарда, меомад. Ба саломи хурду калон таъзим намуда алек мегирифт. Ҳамин ки ӯ наздик шуд, ҳангоматалабони атрофи аттор ҳар кадом таъзим карда ба ҳар ҷониб пароканда шуданд. Инро дида мо ҳам худро ақиб кашидем.
Милиционер ба пешвози оянда калон-калон қадам монда, даст ба чакка бурда ҳиҷо гуфт. Дар ҷавоби ин оянда нигоҳе ба ҷониби аттор афканду лабханди истеҳзоомезе кард ва ӯро бо ишора ба ҷониби худ хонд.
— Ҳама рафта истодаанд, гард мо ҳам меравем, — гуфтам ба Фозил. Ӯ ҷавоб надод ва баъди такрор карданам, тамасхромез табассум намуд.
— Оқсаққол омад. Аттору гувоҳҳоро чеғ зада гап мепурсад. Дуздро ба қава мефиристонанд. Ин қадар ту саросема? Як дам ист, тамошо кунем.
Оянда, аз паси ӯ аттору милиционер ба шӯъба даромаданд. Чароғи керосинии ба рӯи стол гузошташударо оқсаққол баланд кард ва рӯи ҷавони бандиро нағзтар дидем. Ӯ даст ба пеш гирифта, ба оянда салом доду бо ишораи вай ба харак нишаст. Овози баланд ва хушки аттор ба гӯши мо расид:
— Ҷаноби оқсаққол...
Оқсаққол ба вай нигариста, чизе гуфт:
— Аз гуноҳи банда мегузаред. Ҷаноби начальник, — узрхоҳӣ намуд аттор.
— Ман ба шумо ҷаноб ҳам нестам, — танбеҳ дод
оянда.
— Ман сардори шӯъбаи милисия ҳастам — Мирзошариф Раҷабов. Ҳуш бигӯед, ки чӣ воқеа рӯй дод?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё