Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Воқеа ҳамин, ки ҷаноби... аз гуноҳам гузаред, тақсир,— аттор аз тақсиргӯӣ ҳам, ки акнун ба гӯш ногувор мерасид, пушаймон гардид магар, нафасе лаб фурӯ баст, ниҳоят калимаи навбаромад ва муқаддаси замон ба ёдаш расиду чин аз ҷабинаш бардошта шуда, табассум намуд,— рафиқ начайлук гап ҳамин ки...

Вале афсӯс аз шунидани давоми сухан ва фаҳмидани анҷоми воқеа маҳрум шудем. Аввалин, милиционер дарро басту сониян аз миён андак фурсат нагузашта, ногоҳ фарёд бардоштани Фозил маро як қад парронд. Ба қафо нигариста, гӯши ӯро дар дасти падараш дидам, ки сахт тоб дода боло мекашид. Рафиқам аз шиддати дард ба нӯги пойҳояш меистоду рӯяш мисли саночи холӣ пур аз чин шуда буд. Ба ҳолаш раҳмам омад. Навакак бечора калтаки ноҳақ хӯрд ва акнун гӯшашро тоб медиҳанд.

— Амакҷон, ӯро азоб надиҳед. Мо барои ба амаки Зӯлобӣ нос харидан ҳозиракак омада будему...— ба дурӯғ гуфтан гуфтаму зуд пушаймон шудам. Зеро Зӯлобии ҳамеша ба хизмати ҳама тайёр ҳеҷ гоҳ ба мо, бачагон кор намефармуд. Сониян, ӯ нос намекашид...

Падари Фозил маро дида гӯши писарашро сар дод.
Фозил аз фурсат фоида бурда, ба озори пояш нигоҳ накарда, роҳи гурезро гирифт. Ман ҳам аз қафои ӯ тохтаравон ногоҳ падарамро дида мондам, ки бо як каси ба ман ношинос гуфтугӯкунон меомад. Лекин хайрият маро надид.

Баъди ягон соати ба хона расиданам, падарам омад.
Ман худро ба хоб андохтам. Гумон мекардам, ки падари Фозил ӯро дида ба бозоршаб рафтани моро гуфта бошад. Падарам мо, фарзандонашро, назанад ҳам, рафтору гуфтори носазое агар содир кунем, суханоне ёфта мегуфт ва танбеҳамон медод, ки хеле вақт фаромӯш намекардам.

Вақте ӯ ба танбеҳдиҳӣ медаромад, аз рӯи маслиҳати модар «тавба кардадам дадоҷон, дигар намекунам, аз гуноҳам гузаред»— гӯён ҳам худ халос мешудему ҳам ғазаби ӯро паст мекардем. Гумонам хайрият нодуруст баромад.

— Ин қадар ҳаял кардед?— пурсид аз ӯ модар.
— Ифторкунонаш анҷа калон буд. Одам бисёр. Аз дигарҳо пеш баромада рафта намешавад. Содирхонро ҳам хабар кардааст. Панҷ шаш ашӯла гуфт,— ҷавоб

пешина
аз 447
навбатӣ