Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дод падар ва яқтаҳи кабуди ҷуворигулро кашид. Модар хост, ки аз дасти ӯ гирад, нагузошт. Аввал яқтаҳ баъд аз сар салларо гирифта, ба мех овехт ва рӯмол аз миён кушода, ба паҳлуи ҷоғаҳаш гузошт.

Ман аз зери кӯрпа чашм нимроғ намуда, медидам, ки дар чеҳраи падарам осори табассум намудор гардид.

— Ба болои ин дар Чорраҳа як воқеаи ғалатӣ рӯй дод, — гуфт ӯ.

— Чӣ хел воқеа?

— Бачаҳоят хоб-мӣ? — пурсид падарам. — Ҳоҷисолеҳ-ҷони атторро ту медонӣ. Боғи вай аз майдони мо он қадар дур не.

— Ҳа, чӣ хел надонам. Ин ҳамон аттор не магар, ки соли гузашта духтари ба қадрасидааш аз дарахти зардолу афтида мурд?

— Худи ҳамон. Қасофати беҳудагиаш ба бачагонаш ҳам мезадагист-дия, — гуфт падарам. — Қаллоб, ҳаққи-мардумхӯр. Ба болои гандагӣ — мурдорӣ, фосиқ. То ин вақт се зан доштани вайро медонистанд. Имрӯз хабари зани чорумаш ҳам омад.

— Қасофаташ ба худаш занад намешавад? — таассуф намуд модарам. — Охир як писарчаи ҳамон набуд, ки перор ба поваи осиё афтида мурд?

— Ҳа, писари ҳамон. Аз мурдани бачааш ягон бист рӯзи таъин нагузашта, ба зани сеюмаш хонадор шуд, ки ҳатто бисёр хешу табораш аз ин дилсахтию беандешагиаш ранҷида, ба тӯяш нарафтанд. Ана акнун маълум шуд, ки фосиқ зани беникоҳ ҳам дорад.

— Бало ба наси аттор! Биёед, дадош, байти бад-кирдорро ба як тараф монеду, гӯед, ки ба ифторкунон киҳоро хабар кардааст?

— Гапат дуруст, — падар ҳамёза кашид, — зиёфаташ баҷо. Ошу оби серӣ. Лекин одамҳоро чида хабар кардааст.

— Кошки мо ҳам метавонистему як ифторкунон, хатми қуръону арвоҳи гузаштагонамро шод мекардем, — оҳи бадард кашид модар ва барои таоми саҳарӣ сабзӣ гирифта, ба поккунӣ даромад. — Аз ин зиндагии ошиқавар ягон сӯм зиёдатӣ намекунад, ки оқибандозу орзую ҳавас кунед.

— Хайр, ношукурӣ накун, зан, ба ҳамин ҳам шукр, ки аз болои қаҳатӣю қиматӣ халос шудам. Аз рӯяш гардам, ҳукумат масолеҳро нӯмай дода, кафшҳоро гирифта

пешина
аз 447
навбатӣ